НАҚШИ НОБ-И “РОҒУН” ДАР НОИЛГАРДИИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРӢ

239

Дар ҳошияи барномаи нави рушди устувор то соли 2030 мамлакатҳои аъзои СММ 25. 09. 2015 17 ҳадаферо қабул намуданд, ки ба коҳишёбии камбизоатӣ, ҳифзи сайёра ва таъмини шукуфоӣ барои ҳама равона гардидаанд. Яке аз ҳадафҳои афзалиятноки рушди устувор: таъмини дастрасии умумӣ ба сарчашмаҳои арзон, боэътимод, устувор ва муосири барқ барои ҳама қабул гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои рушди устуворро фаъолона дастгирӣ намуда, ҳангоми таҳияи нақшаҳои стратегии рушди мамлакат ба онҳо такя менамояд. Ҳамин тавр, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат инҳо эътироф гардидаанд:

а) таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки қувваи барқ;

б) раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва мубаддалсозии мамлакат ба кишвари транзитӣ;

в) таъмини бехатараии озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат;

г) саноатикунонии босуръат.

Нақши калидиро дар таъмини ҳадафҳои ишорагардида, соҳаи энергетикаи мамлакат ишғол менамояд, аз ҷумла бунёди НБО-и «Роғун». Ба истифодадиҳии НОБ-ии зерин ба рушди соҳаҳои алоҳидаи кишвар таккони ҷиддӣ бахшида, иқтидори содиротии онро тавсеа бахшида, ба сохтмони корхонаҳои азими саноатӣ мусоидат намуда, заминаи воқеъиро барои истеҳсоли маҳсулотҳои нав, таъмини ҷойҳои кории иловагӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ дар ҷаҳон мақоми ҳаштум, дар миқёси давлатҳои ИДМ – дуюм ва дар Осиёи Марказӣ – якумро ишғол менамояд.

Азимтарин иншооти аср, лоиҳаи бузурги гидроэнергетикии мамлакат – НБО-и «Роғун» маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, аз ҳаракати чархаҳои сафобахши он соҳаҳои хоҷагидории мамлакат нуру такон гирифта, гӯшаю канори навоҳии дурдаст мунаввар ва дилу дидаҳои мардум пурсурур мегардад.

Оғози корҳои омодагӣ ҷиҳати сохтмони ин иншооти сафобахш 10 июли соли 1972 сурат гирифтааст. Сохтмони иншоот расман соли 1976 оғоз гардида, то соли 1987 ҷараён мегирад. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони он ба таъхир меафтад. Танҳо баъди чандин соли соҳибистиқлолӣ эҳёи бунёди неругоҳи «Роғун» имконпазир гардид. Агарчи иқдоми дубора бунёд намудани неругоҳ бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, вале мардуми шарифи кишвар бо роҳнамоии Пешвои миллат «масъалаи ҳаёту мамот» будани ин иншооти азими гидроэнергетикиро амиқ дарк намуда, дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзиву дастҷамъона ду агрегати он мавриди истифода қарор дода шуда, то имрӯз зиёда аз 4,6 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол намудаанд.

Ҳар сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ҷиҳати боздиди ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва суҳбатҳои самимӣ бо сохтмончиён такони ҷиддиест ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор. Хусусан 29 октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид – рӯзе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер, расо якуним соат дар манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди неругоҳ ҳусни оғоз бахшиданд. Сохтмончиёни ин кохи муҳташами нуру сафо аз вохӯриву суҳбатҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои хирадойини миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри анҷоми корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои муайяншуда дар ҷабҳаҳои гуногуни он садоқатмандона заҳмат мекашанд. Маҳз даъват ва суханони рӯҳбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуълаи рағбату мароми синашикофии кӯҳро дар қалби «Фарҳод»-ҳои тоҷик афзуд ва корро дар корзори «Роғун» тавон бахшид: Чунончи аз суханронии Пешвои миллат дар вохӯриашон бо сохтмончиёни неругоҳ аз 13.07.2022 бармеояд, ҳоло дар сохтмон 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳ тайи солҳои 2008-2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 млрд сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки маҳз бунёди НБО-и «Роғун» метавонад дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат нақши калидиро ишғол намуда, сохтмони корхонаҳои азими саноатиро суръат бахшад, ҷойҳои нави кориро таъсис дода, ба беҳтаргардии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таъсири мусбӣ расонада, ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тақвияти мавқеи он дар сатҳи байналмиллалӣ мусоидат намояд.

ҲУСЕЙНОВ МАНУЧЕҲР , Н.И.И., ДОТСЕНТ, И.В., МУДИРИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА СУҒУРТАИ ДМТ