Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ

Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалии факултети молиявию иқтисодии ДМТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон

БОБОЕВ ФУЗАЙЛ ҶУМЪАБОЕВИЧ

Бобоев Фузайл Ҷумъабоевич 30-уми июни соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2009 ба факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2014 аз рӯи ихтисоси молия ва қарз хатм намудааст.

Бобоев Ф.Ҷ. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст:  аспиранти рӯзонаи кафедраи менеҷменти молиявӣ дар факултети молиявию иқтисодии ДМТ (2015 – 2017), масъули сомонаи ДМТ (2018-2019), асисстенти кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети иқтисод ва идора ва ҳамчунин асисстенти кафедраи менеҷменти молиявӣ дар факултети молиявию иқтисодии ДМТ (2019), муаллими калони кафедраи менеҷменти молиявии факултети молиявию иқтисодии ДМТ  (2020) ва аз 13.01.2021 то айни замон муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалии  факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Хизматҳои шоистаи Бобоев Ф.Ҷ. бо «Ифтихорнома»-и Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва омода кардани мутахассисон, Ифтихорномаи декани факултети молиявию иқтисодӣ барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар факултет,  Дипломи фахрии Ректори Донишгоҳи илмӣ таҳқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва», Сертификати муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалии донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск, Сертифкат оид ба баландбардории курси такмили ихтисос аз ҷониби муовини ректор оид ба илми донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон қадрдонӣ гардидаанд.

Бобоев Ф.Ҷ.  муаллифи зиёда аз 40 маводи илмӣ буда, дар мавзӯъҳои вобаста ба энергетикаи Тоҷикистон: стратегияи рушди устувор, қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи бехатарии иқтисодӣ, самаранокии барқии иқтисоди минтақа ҳамчун омили рушди иқтисодии он,  устувории молиявии ширкати барқӣ ва омилҳои ба он таъсиррасон, таъминоти молиявии электроэнергетика барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, иқтидори содиротии электроэнергетика дар ҳошияи хизматрасонии қарзи хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарзи хориҷии дар электроэнергетикаи Тоҷикистон равонашуда ва механизмҳои хизматрасонии он, диверсификатсияи сарчашмаҳои электроэнергетика ва маблағгузории онҳо ва ғайра тадқиқоти илмӣ анҷом додааст.