Абдураҳмонов Фаррух Абдуллоевич

Муовини декан дар шуъбаи фосилавӣ (Ғоибона)

Абдураҳмонов Фаррух Абдуллоевич 11-уми августи соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Ӯ соли 2003 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 н.Ховалинг-ро хатм намудааст. Соли 2003 ба факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда ва онро соли 2008 бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ хатм намудааст.

Абдураҳмонов Ф.А. дар вазифаҳои зерин кору фаъолият кардааст: ассистенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ (2008-2016), муаллими калони кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ  (2016-2017), муовини декан оид ба таълим дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳои миллии Тоҷикистон (2018-2020),  муовини декан оид ба таълим дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳои миллии Тоҷикистон (2020 то инҷониб), 

Хизматҳои шоистаи Абдураҳмонов Ф.А.. бо «Ифтихорнома»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои хизматҳои шоён дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи ва саҳми арзанда гузоштан дар тарғиби ҳадафу барномаҳои ҳизб «Ифтихорнома»-и Факултети молиявию иқтисоди барои саҳми арзанда дар пешбурди раванди таълим ва фаъолияти пурсамар қадрдонӣ гардидаанд.