Вазифа – мудири кафедра
Дараҷаи илмӣ – доктори фалсафа PhD аз рӯйи ихтисоси 6D050900 молия
Унвони илмӣ – муаллими калони кафедраи молия ва суғурта
Тарҷумаи ҳол
23 авгути соли 1991 дар оилаи таваллуд шудааст. Соли 2009 мактаби миёнаро хатм намуда, ҳамон сол ба факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар баноми Носири Хусрав дохил шуда аст, ки аз соли 2014 онро бо муваффақият бодипломи аълочӣ хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ, аз соли 2014 дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар факултетҳои иқтисодии донишгоҳи номбар шуда, ба ҳайси муҳандис барномасоз фаъолияти кории худро оғоз намуда то соли 2015 дар он ҷо кор кардааст. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки Мирзоев Сафарбек Саъдуллоевич дар давоми фаъолияти кории худ риштаи магистрии худро бо дипломи аълочи ва бо мувафақият хатм намудааст. Баъди хатми магистратура аз моҳи сентбри соли 2016 дар факултети моливию иқтисодии кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун ассистент то соли 2017-ум фаъолият кардааст.
Мирзоев Сафарбек Саъдуллоевич моҳи октябри соли 2016-ум ба риштаи докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро Дар мавзӯи «Баландбардории устувории молиявии низоми бонкии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD аз рӯйи ихтисоси 6D050900 – Молия. Пеш аз мӯҳлати муайян шуда бо мувафақият бо сари балад дифоъ кардааст. Ҳаминро бояд хотррасон намуд, ки Мирзоев Сафарбек Саъдуллоевич аз соли 2019 то соли 2020 мушовири академии дараҷаи 1-ум дар шуъбаи ғоибонаи факултети молиявию иқтисодӣ кор кардааст. Аз соли 2020-ум то инҷониб дар кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муаллими калони кафедра фаъолияти менамояд.
Собиқаи умумии корӣ аз соли 2014
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос 8 сол
Таваҷҷӯҳи илмӣ: Фаъолияти бонкӣ, Пул, қар ва бонкҳо, молия, молия ва қарз, Буҷет ва низоми буҷет, суғурта…
Диссертатсияи Мавзӯъ «Баландбардории устувории молиявии низоми бонкии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD аз рӯйи ихтисоси 6D050900 – Молия.
Фанҳои таълимӣ – Фаъолияти бонкӣ, Пул, қар ва бонкҳо, молия, молия ва қарз, Буҷет ва низоми буҷет, суғурта…
Такмили ихтисос –якум маротиба аз рӯи равияи иқтисодӣ соли 2017, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ДМТ.
Дуюм маротиба аз 22-10-2020 то 26-11-2020 даври пурраи таҳсилро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ДМТ-ро аз рӯи равияи педагогика-психология (ғайри тахасусӣ) ба поён расонида нақшаҳои илмӣ- таълимиро иҷро намудааст.
Феҳристи корҳои чопшудаи муаллиф доир ба мавзӯи диссертатсия
Мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда:
- Мирзоев С.С., Бердиев Р.Б. Якчанд сухан аз таърихи пайдоиши бонкҳо.//Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – Душанбе: 2017. – №2/1. – С. 18-20; (0,2ҷ/ч) (бо ҳаммуаллифӣ, бо муаллиф-0,1 ҷ/ч).
- Мирзоев С.С., Ғаюров Ғ.Ҳ., Одинаев С.П. Истифоданамоии самараноки менеҷменет (мудирият) дар сохтори бонкии муосир.//Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – Душанбе: 2017. – №2/3. – С. 33-37; (0,3ҷ/ч) (бо ҳаммуаллифӣ, бо муаллиф-0,15 ҷ/ч).
- Мирзоев С.С. Современное состояние банковской системы Республики Таджикистан. // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – Душанбе: 2017. – №2/5. Қисми II. – С. 66-69; (0,25 ҷ/ч)
- Мирзоев С.С., Улугходжаева Х.Р. Современное состояние коммерческих банков Республики Таджикистан / Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – Душанбе: 2018. – №10. – С. 23-27; (0,3ҷ/ч)
- Мирзоев С.С., Улугходжаева Х.Р. Факторы, влияющие на финансовую устойчивость коммерческих банков Республики Таджикистан. // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – Душанбе: 2019.-№2.-С.5-8; (0,25 ҷ/ч)
- Мирзоев С.С. Устувории молиявии бонк ва омилҳои ба он таъсиррасонанда дар шароити муосир.//Иқтисодиёти Тоҷикистон.– Душанбе: 2019. – №4. – С. 33-37; (0,3ҷ/ч)
- Мирзоев С.С., Ғаюров Ғ.Ҳ. Навоварӣ (инноватсия) ва аҳамияти он дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ назариявии кафедраи иктисодиёти ҷаҳон ва МИБ – и ДМТ, дар мавзӯи «Рақобатпазирии иқтисодиёти милли ва роҳҳои баландбардории он дар шароити ҷаҳонишави», 15-уми апрели соли 2017. – С.51-55. (0,38ҷ/ч) (бо ҳаммуаллифӣ, бо муаллиф-0,18 ҷ/ч)
- Мирзоев С.С., Гаюров Г.Х. К вопросу исследования теоретических аспектов финансовой устойчивости кредитных организаций // Материалы круглого стола на тему: «Финансово-кредитная политика Республики Таджикистан: результаты и преспективы»,7 декабря 2017 года. – С.20-23. (0,25ҷ/ч) (бо ҳаммуаллифӣ, бо муаллиф-0,125 ҷ/ч)
- Мирзоев С.С. Асосҳои назариявии устувории молиявии низоми бонкӣ// Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ, дар мавзӯи «Масоили муҳими такомул ва рушди аудити давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 28-30-уми июни соли 2019. Душанбе, – С.271-274. (0,25ҷ/ч)