Таърихи кафедра
Кафедраи молия соли 1965 ҳамчун кафедраи мустақил аз ҳайати кафедраи иқтисодиёти савдо ва молия ҷудо шудааст.
Мудирони кафедра:
Солҳои мудирї – 1965-1980 – Академики АМИТ, д.и.и. профессор Назаров Талбак Назарович
15.03.1938 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Арбоби давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ (1975) профессор, Академики АИ ҶТ, аз соли 1991, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ соли 1991, Арбоби шоистаи илми ҶШСТ соли 1988, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (соли 2003). Хатмкунандаи Донишкадаи молия ва иқтисодӣ шаҳри Ленинград ба номи Н.Л. Вознесенский. Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1960 -1972 муаллими калони кафедраи «Молия ва қарз» -и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва баъдан мудири кафедраи номбурда шуда кор кардааст. Солҳои 1976 -1982 ҷонишини декани факултети иқтисодӣ, ноиби ректори шӯъбаи шабона ва декани факултети иқтисодии ДДТ шуда кор кардаанд. Солҳои 1982 -1988 ректори ДДТ, солҳои 1982 -1988 узви кумитаи давлатии маорифи халқи Иттиҳодияи Шӯрвӣ буд.
Соли 1965 рисолаи номзадӣ ва соли 1974 рисолаи докториашро дар мавзуи «Мушкилоти усулҳои молиявии ҳавасмандкунии прогресси техникии соҳаи саноат» дар шаҳри Ленинград ҳимоя кардааст.
Соли 1975 дараҷаи илмии доктори илми иқтисод ва баъди як сол унвони илмии профессориаш тасдиқ мегардад. Солҳои 1980-1990 депутати Шўрои Олии РСС Тоҷикистон ва солҳои 1991-1992 депутати халқии СССР буд. Солҳои 1980-1982 раиси Шўрои омўзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ба ҳайси Раиси Шўрои ректорони мактабҳои олии ҶШС Тоҷикистон ва узви Кумитаи давлатии маорифи халқи ИҶШС (1982-1988) фаъолият бурдааст. Солҳои 1986-1988 Раиси Шўрои Олии РСС Тоҷикистон буд. Солҳои 1988-1991 дар вазифаи вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1990-1991 ҷонишини якуми раиси Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Госплан буд. Ҳамчунин Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1988) мебошад.
Баъди 28 соли фаъолият дар Донишгоҳи миллӣ ба ҳайси вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон, ҷонишини аввали раиси Шурои вазирон – Раиси Кумитаи давлатии банақшагирӣ, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1991 узви ҳақиқии АИ Тоҷикистон ва Академияи байналмилалии макотиби олӣ интихоб шудааст. Солҳои 1991-1994 ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ буд.
Аз соли 1994 ба сатҳи баланди сиёсат даъват шуда, як муддат роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва тўли 12 сол (солҳои 1994-2006) Вазорати корҳои хориҷиро сарварӣ кардааст. Рутбаи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва профессори фахрии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Чинро дорост. Яке аз хидматҳои бузурги Талбак Назаров он аст, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон солҳои 1996-1997 ҳайати ҳукуматиро сарварӣ мекард. Хидматҳои бошарафонаи ин фарди равшанзамир бо орденҳои «Ситораи Президенти Тоҷикистон» (1998), «Дўстӣ» (1999), «Нишони фахрӣ» (1976), «Дружба» (2007, аз ҷониби Федератсияи Русия), «Салиби ёқутӣ»- и Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони садсола»- и Русия (2005), 6 медал ва даҳҳо ифтихорномаҳо қадр шудааст. Солҳои 2008-2013 раиси Хазинаи ҷумҳуриявии хайриявии Тоҷикистон буд.
Мавсуф муаллифи 208 асари хурду бузург аст, ки дастикам 10-тои онро рисолаҳои пурмуҳтавои илми иқтисод ташкил медиҳанд. Т. Назаров барандаи Ҷоизаи ба номи Сино дар соли 2003 мебошад. Маблағи ин ҷоиза аз ҷониби устод ба яке аз интернатҳои ноҳияи Рўдакӣ тақдим шуда буд. Инчунин китобҳои «Тоҷикистон: ҳамкориҳои байналхалқӣ, интегратсия ва ҳамкориҳои минтақавӣ», «Иқтисоди бозаргонӣ ва ҳамкориҳои байналхалқӣ» рўйдоди муҳим дар таърихи илми иқтисод ба шумор меоянд ва фаҳмиши нави иқтисодро дар маҷмуъ ба вуҷуд овардаанд.
Самтҳои фаъолияти илмӣ: Назаров Т.Н. муаллифи беш аз 200 асари илмӣ, аз ҷумла зиёда аз 12 монография мебошад
Солҳои мудирӣ – 1980-1993 – н.и.и., дотсент Ҳомидов Ҳамроҳбой Ҳомидович
Ҳомидов Ҳамроҳбой (c.т. 26.07.1941), зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, иќқтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ (1973), дотсент (1979). Хатмкардаи ДДТ (1965). Фаъолияти меҳнатӣ ва омӯзгориашдар ДТТ оғоз ёфтааст: 1965-1970 – ассистент, 1970-1977 – муаллими калон.
177ғ1980 – дотсенти кафедраи молия ва қарз. Аз соли 1980 то 1993 – мудири ҳамин кафедра буд. Соли 1993 ба шаҳри Хуҷанд кучида, дар донишкадаҳои олии он ҷо ба фаъолияти омӯзгорӣ машӯул буд. Узви Шӯурои иқтисодии назди Президенти ҶТ буд. Дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” (2001). Муаллифи зиёда аз 30 таълифоти чопї.
Ос.: Молия ва қарз – китоби дарсӣ (бо ҳаммуалифӣ), Д. 1989; Самтҳои сиёсии сармоягӯзорӣ ба иқтисодиёти бозорӣ, маҷаллаи “Паёми ДДҲБСТ”, 2001, №2ғ3; Роҳҳои бартараф кардани хатари молиявї дар корхонаҳо – маҷаллаи “Паёми ДДҲБСТ”, 2007.
Солҳои мудирӣ – 1971-1973 ва 1993-2004 – н.и.и., дотсент Юлдошев Яшин Ниязович
Юлдошев Яшин Ниёзович (1938-2008), факултети иќтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст, иќтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ (1970), дотсент. Фаъолияти меҳнатӣ ва омӯзгориаш дар Донишгоҳ оғоз ёфтааст: 1962 – ассистент, муаллими калон, 1963 – дотсенти кафедра.
Дар вазифаҳои: мудири кафедра 1971-1973, декани факултети шабонаи иқтисодӣ (1973-1980), ҷонишини декани факултети шабонаи иқтисодӣ (1983-1988), муовини ректор оид ба шуъбаи шабона ва ғоибона (1986), декани факултети ғоибонаи иқтисодӣ (1988-1992), мудири кафедраи молия ва қарзи ДДМТ (1993-2004) кор кардааст. Аз соли 2004 то соли 2008 дар кафедраи молия ва ќарз ҳамчун ҳамкор кор кардааст.
Бо ифтихорномаҳои ДДМТ, нишони маълумоти олии ИҶШС, ифтихорномаи Вазорати молияи СССР, нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” (1998), медали “Ветерани меҳнат” ва ордени “Шараф” (1997) мукофотонида шудааст. Муаллифи зиёда аз 60 таълифоти чопї.
Ос.: Вопросы государственного страхования сельскохозяйственного производства. Монография. – Душанбе, 1976. – 10 п.л. Формирование резервных фондов колхозов. Монография. Душанбе: “Ирфон”,1976. – 4,2 п.л.; Государственный бюджет. Учебное пособие. – Душанбе, 2002. – 287 с.
Солҳои мудирӣ – 2004-2010-д.и.и., профессор Раҳимов З.А.
РАҲИМОВ ЗИКРУЛЛО АШУРОВИЧ
15.02. соли 1944 дар ноҳияи Куйбышев (ҳозира ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1962 мактаби миёнаи ба номи А.С.Пушкин № 4 ноҳияи номбурдаро хатм намудаст. Соли 1982 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Баҳисобгирии фаврӣ ва идораи маводҳои арзишнок дар соҳаи саноати сабук» дар Пажуишгоҳи молияи шаҳри Москав ҳимоя намудааст.
Соли 1983 кафедраи «Ҳисоббарории мошинии ахбор» аз кафедраи Омор Ҷудо шуда, ҳамон сол Раҳимов З. ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра бо фармони Ректор таъин шудааст.
То моҳи декабри соли 2004 –ӯм вазифаи мудири кафедраи «Тиҷорати ахбори байналхалқӣ»-ро иҷро кардааст
Моҳи декабри соли 2004 дар асоси конкурс мудири кафедраи «Молия ва қарз» интихоб шудааст. Ҳоло профессори кафедраи молия мебошад.
Самтҳои фаъолияти илмӣ: Раҳимов З.А. аз фанҳои «Системаҳои ахборӣ дар иқтисодиёт», «База ва бонки системаҳои ахборӣ», «Банақшагирӣ ва ташкили иқтисодиёт муаммоҳои ахборӣ», «Назарияи молия», «Қоғазҳои қимматнок ва бозори фондӣ», «Бозори молия» маводи таъмини тайёр кардааст.
Банковкая система Таджикистана: (Монография) Москва-М, Диалог МГУ 2000г.278стр
Банковская система и экономическое развития Таджикистана: (Монография) Душанбе, Ирфон 2002.256стр, «Инвестиционная деятельность банковской системы в условиях рынка: (Монография) Душанбе, Ирфон 2002г.122стр О дисконтировании денежных инвестиций (статья). Москва., «Обшество и экономика»
Солҳои мудирӣ – 2010-2011-д.и.и., профессор Раҳматов Ҳ.Б.
Ҳайдар Раҳматов 19 майи соли 1957 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. 1978 — факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин-ро хатм кардааст. 1978—1987 — ассистент, муаллими калон Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин. 1981—1984 — аспиранти Донишгоҳи давлатии Ленинград. 1984 — дифои рисолаи номзади илмҳои иқтисодӣ. 1987—1993 — муаллими калон, дотсенти кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Филиали Душанбегии савдои советии кооперативии ш. Новосибирск. 1993—2007 — директори коллеҷи савдои шаҳри Душанбе. 2007—2010 декани факултети иқтисод ва молияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон. 2010—2011 — дотсент, мудири кафедраи молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 2010 — дифои рисолаи доктори илм, соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ. 2011—2014 — профессор, мудири кафедраи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат. 2013 — соҳиби унвони илмии профессор. 2014—2016 профессори кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. Аз октябри соли 2015 то инҷониб и.в. мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Раҳматов Ҳ. Б. зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ навишта ва аз чоп баровардааст, дар конфрентсияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявию донишгоҳӣ баромаднамудааст. Ду монография, як китоби дарсӣ ва 4 брошюра навишта аз чоп баровардааст.
Ос.: Аграрная реформа в РТ — Душанбе, «Ирфон»,2009, — 320с.; «Аграрная реформа: плюсы и минусы» — Душанбе, «Ирфон»,2008, — 220с. ва диг.
Солҳои мудирӣ – 2011-2017 – н.и.и., дотсент Давлатшоев О.Ҳ.
ДАВЛАТШОЕВ ОДИЛ ҲАЗРАТШОЕВИЧ
19 марти соли 1975 дар деҳаи Панҷруди ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст.
Соли 1993 ба факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1998 онро хатм онро намудааст.
Фаъолияти педагогӣ: Аз соли 1999 ҳамчун ассистенти кафедраи «Омор» -и ДДМТ фаъолияти кориро сар кардааст. Аз соли 2003 то ҳол ассистенти кафедраи «Молия ва қарз» шуда кор мекунад.
Самтҳои фаъолияти илмӣ: Аз фанҳои «Фаъолияти суғуртавӣ» ва «Менеҷменти молиявӣ» барномаҳои таълимии тартиб додааст.
Дар мавзeи: «Формирования и развития рынка платных услуг РТ» кори илмӣ карда истодааст. Ба қалами e корҳои илмии зерин навишта шудааст:
- Основы тенденции формирования и развития национального рынка платных услуг в Таджикистане/ маҷмуи корҳои илмии устодони ДДТТ, Душанбе 2005 стр.169 -170.
- Основные с направления государственного регулирования и развития рынка услуг / маводи конфронси Ҷумҳуриявии илмӣ –амалӣ дар мавзeи «Муаммоҳои рушди менеҷмент дар асри ХХI (27-28 октябри соли 2005 қисми 2)». Душанбе 2006. саҳ 331-336.
Фаъолияти иқтисодии хориҷии ҶТ, самтҳо ва дурнамоии он: маводҳои конфронси илмӣ –амалӣ. 30-31 май 2006 ТГУК Душанбе «Империал -Групп» саҳ 26-38.
Солҳои мудирӣ – 2017-2020 – н.и.и., дотсент Одинаев Ф.Ф.
ОДИНАЕВ ФУРҚАТ ФАРҲОДОВИЧ
Факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1991) хатм намудааст. Мувофиқи тақсимот дар кафедраи молия ва қарз фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. 02.02.1996 муаллими калони кафедраи молия ва қарз. Аз 05.03.2008 мудири кафедраи навтаъсиси ДМТ менеҷменти молиявӣ.
Номзади илмҳои иқтисодӣ (2003), дотсент (2013), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012).
Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ барои донишҷӯён маводҳои илмию методии худро дар васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ, маҷалла ва ғайра ба табъ расонидааст. Мавзъӯи рисолаи докторӣ: Теоретико-методологические аспекты и основные финансово-экономические условия по преодолению последствий мировых финансово-экономических кризисов.
Муаллифи бештар аз 85 асари чопӣ аст.
Мудирии кафедраро аз августи соли 2020 то ҳол – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р. ба уҳда дорад.
соли таввалуд 15.06.1980,
шаҳванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Тасилот – соли 2002 Донишкадаи Андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (ДАҲ)-ро хатм намуд, солҳои 2003-2004 магистратураи Академияи шабакаҳои таълимии EdNeT-ро хатм намуд, соли 2006 рисолаи номзадиро ҳимоя намуд ва соли 2019 рисолаи докториро ҳимоя намуд.
Собиқаи корӣ – солҳои 2002-2003 коромўз-ассистент, 2004-2006 муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии ДАҲ, соли 2006 сардори раёсати илми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ДИТ), соли 2007 муовини декани факултети менеҷмент ва соҳибкории ДИТ, соли 2007 дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии ДДМТ, соли 2008 мудири кафедраи таҳлил ва аудити ДМТ, соли 2009 мудири кафедраи фаъолияти бокии ДМТ, солҳои 2009-2012 муовини ректори Донишкадаи молияи Тоҷикистон оид ба таълиму тарбия, илм ва робитаҳои байналмиллалӣ, солҳои 2012-2015 муовини ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба таълим, солҳои 2015-2020 дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДМТ ва коромўз-докторанти Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт Петербурги ФР, аз апрел то августи соли 2020 ба ҳайси мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДМТ фаъолият намудааст. Аз августи соли 2020 то ҳол ба ҳайси мудири кафедри молия ва суғуртаи ДМТ фаъолият намуда истодааст.
Мудирии кафедраро аз августи соли 2022 то ҳол –н.и.и., м/к Ҳусайнов М.Н. ба уҳда дорад.
соли таввалуд 30.06.1985,
шаҳванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Тасилот – соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намуд, солҳои 2009-2012, шуъбаи рўзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд, соли 2019 рисолаи номзадиро ҳимоя намуд.
Собиқаи корӣ – солҳои 2009-2012 аспиранти ДМТ, 20011-2019 ассистенти кафедраи молия ва карзи ДМТ, аз соли 2019 то инчониб н.и.и, муаллими калони кафедраи молия ва сугуртаи ДМТ, Аз августи соли 2022 то ҳол ба ҳайси мудири кафедри молия ва суғуртаи ДМТ фаъолият намуда истодааст.
Таърихи ташаккули кафедра.
Аввалин мудири кафедраи навбунёд Академики АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (АФ РСС Тоҷикистон), доктори илмҳои иқтисод, профессор Назаров Талбак Назарович буд.
Бо назардошти тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои мухталифи системаи молиявӣ ва васеъ гаштани муносибатҳои молиявию қарзӣ зарурати таъсис додани кафедраи молия ва қарзро ба миён овард. Зеро, ки тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои фаъолияти суғуртавӣ, бонкӣ, системаи буҷетӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар он давра аҳамияти аввалиндараҷа дошт.
Дар давраи пас аз ташкилёбии факултети алоҳидаи молиявию иқтисодӣ (солҳои 1982 -1995) кафедраи молия ва қарз аз соли 1991 ба ду кафедраи алоҳида: кафедраи молия ва кафедраи муомилоти пулӣ ва қарз ҷудо шуд. Мудири кафедраи молия, дотсент Ҳомидов Ҳ.Х. ва мудири кафедраи муомилоти пулӣ ва қарз дотсент Ашўров Н. интихоб шуда буданд. Бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштани дотсент Ашўров Н. аз соли 1995 то сентябри ҳамон сол вазифаи мудири кафедраи муомилоти пулӣ ва қарзро дотсент Шарипов Ҳ.Ш. иҷро карда буд. Пас аз он, моҳи октябри 1995 дар натиҷаи аз нав якҷояшавии факултетҳои молиявию иқтисодӣ ва баҳисобгирию иқтисодӣ ба як факултаи молиявию баҳисобгирӣ боз кафедраҳои номбурда якҷоя карда шуда, бо номи кафедраи молия ва қарз ба фаъолият оғоз кард.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар гардонидани корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ мутобиқи қарори Шўрои олимони Донишгоҳ аз соли 2007 дар заминаи кафедраи молия ва қарз кафедраҳои молия ва менеҷменти молиявӣ таъсис ёфтанд, ки фанҳои тахассусии ихтисоси молия ва устодони кафедра дар байни ин кафедраҳо тақсим карда шуданд. Инчунин соли 2014 дар базаи кафедраи молия кафедраи андоз ва андозбандӣ таъсис дода шуда, як қисми устодон бо фаннҳои ихтисоси мазкур ба ин кафедра вобаста ва ҷудо карда шуд.
Ҳоло дар заминаи кафедраи молия аз рўи ихтисосҳои молия ва қарз ва суғурта мутахссисони дараҷаи бакалавр, магситр, унвонҷў, аспирант, докторант ва доктор PhD омода мегарданд.
Кафедраи молия аз ҷиҳати шумораи кормандони яке аз кафедраҳои калонтарини ДМТ ба ҳисоб меравад. Дар тамоми муддати фаъолияти худ кафедраи мазкур барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди милли кишвар шумораи зиёди кадрҳои баландихтисосро тайёр кардааст. Хатмкунандаҳои кафедра инчунин, берун аз ҷумҳурӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ фаъолият менамоянд.
Аз давраи ташкилёбии кафедраи устодони соҳибтаҷриба дар кафедра фаъолият доранд.
Назаров Т.Н., Собиров У.М., Сайфиддинов С.С., Қаҳҳоров М, Раҳимов Ш.М., Бобоев Ғ.Ҷ., Улуғхоҷаева Х.Р., Шарифов Ҳ.Ш., Ҳисайнов С., Раҳимов З.А., Ҳикматов С., Одинаев Ф.
Як қатор устодони собиқ дар кафедра фаъолият карда дар вазифаҳои гуногуни роҳбаркунандаи ҶТ кор ва фаъолият менамоянд:
Масалан Назаров Т – академики АУҶТ мушовири Президенти ҶТ, Ҷураев Т.Б- Вазири иқтисод ва савдои ҶТ, Раҳимов Ш.М-раиси кумитаи Инвеститсия ва амволи ҶТ, Қаҳҳоров М-раиси филиали Амонатбонки ноҳияи Исфара.
Кафедра бо хатмкунандагони худ: Алимардонов М.М – собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Бобоев Ғ.Б. – собиқ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва дигар хатмкунандагон ифтихор ва доимо дар тамос мебошад.
Хизматҳои илмию педагогии устодони кафедраро ба инобат гирифта Вазорати маъорифи ҶТ, ба устодон Раҳимов З.А., Юлдошев Я.Н, Улуғхоҷаева Х.Р., Ҳикматов С.Ҳ., Иброҳимзода И.Р. ва устодони собиқ Ҷураев Т.Ҷ., Раҳимов Ш.М., Қаҳҳоров М., Ашуров Н. ва дигарон унвони «Аълочии маорифи халқ» сазовор гардонида шудаанд.
Кафедра аз рузи фаъолияташ сар карда бар қатори таълим ва тарбия боз фаъолияти илмиашро низ ба роҳ мондааст.
Кафедраи молия ва суғурта (собиқ кафедраи молия ва қарз), ки ҳоло аз ҷиҳати кормандон ва фаъолит, яке аз кафедраҳои калонтарини ДМТ ба ҳисоб меравад, 56 сол боз вуҷуд дорад.
Дар ин муддати на чандон дароз ин қисми боргоҳи маърифат ва «оҳангарӣ» кадрҳои баландихтисос барои хоҷагии халқи кишвар миқдори зиёди кадрҳои баландихтисос тайёр кард, ки ҳоло чи дар дохили ҷумҳури ва берун аз он сарбаландона ба нафъи халқу ватан хизмати шоиста мекунанд.
Аз рўи на танҳо миқдори мутахассисони хатмкарда, балки нуфузу аҳамиятнокии вазифаи онҳо барои ҷумҳурӣ ин кардҳо як қисми муҳими нерўи зеҳнӣ ва захираи тиллоии кишвар мебошанд.
Гуфтан кифоя аст, ки хатмкунандагони шуъбаи «Молия ва қарз» дар вазифаҳои гуногун ва басо масъулиятноки давлати, соҳаи илм, риштаи дипломатсия хизмати сазовор кадраву карда истодаанд.
Танҳо номбар кардани баъзе аз ин кадрҳо гувоҳи медиҳанд, ки хатмкунандагони ин шуъба дар кадом дараҷаҳои масъулиятноки давлатӣ адои вазифа менамоянд. Алимардонов М.М. – собиқ раиси Бонки милли Тоҷикистон, Раҳимов Ш.М. – собиќ раиси Кумитаи давлатии инвеститсия ва идораи амволи давлати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширинов А.Ш. – собиқ Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар ИМА., Тураев К.Т. – собиқ Вазири кишоварзии Ҷумњурии Тоҷикистон, собиқ раиси шаҳри Истаравшан, Бобоев Ғ.Ҷ. – собиқ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулов К.А. – доктори илм, профессор, собиқ ҷонишини мудири шуъбаи илми КМПК Тоҷикистон, Валиев Н.А. – собиқ раиси шуъбаи вилояти Суғдии Бонки миллии Тоҷикистон, Эшов Ҷ.К. – собиқ ҷонишини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, Муллоев Ш.М. – собиқ ҷонишини аввали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ҷонишини аввали сардори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хатмкунандагони шуъбаи «Молия ва қарз» номзадҳо ва докторони илм, муаллифони китобҳои илмӣ ва дарсӣ дар вазифаҳои гуногун адои хизмат менамоянд, ки барои Тоҷикистон хизмати босазо мекунанд.
Ҷолиби қайд аст, ки хатмкунандагони мо на танҳо дар вазифаву мақомҳои баланд, балки дар риштаҳои дигари нисбатан поёнтари идоракунии давлатӣ хизмати масъулиятнок намуда, ба халқу ватан нафъи калон мерасонанд.
Имрӯз ҳамаи сатҳҳои идоракунии Тоҷикистон, ҳамаи зинаҳои хизматии онро аз боло то поён бе хатмкунандагони бахши молияию-қарзӣ тасаввур кардан мумкин нест. Ҳамаи ин маҳсули меҳнати хоксоронаи коллективҳои меҳнатии кафедраи «Молия ва қарз» дар давраҳои гуногун ва ҳайати устодон барои хизмати шоён ба кишвари азиз – Тоҷикистон мебошад.
Дар давраи мавҷудияти кафедра дар вақтҳои гуногун ҳамчун муаллим дотсентон Қаҳҳоров М., Ашуров Н., Раҳимов Ш., Бобоев Г.Ҷ., н.и.и. Ҳусайнов С. кор кардаанд.
Теъдоди устодони кафедра дар солҳои мавҷудияти он ба таври зайл тағйир ёфтааст:
1965 | 1970 | 1980 | 1990 | 1994 | 1997 | 2007 | 2021 |
4 | 13 | 12 | 10 | 11 | 12 | 16 | 20 |
Мутахассисони ҷавон, хатмкунандагони кафедра дар ҳамаи гушаву канорҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он – дар ИМА, Олмон, Кения, Ветнам, Лаос, Чин, давлатҳои Африқо, Авғонистон, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият менамоянд.
Олимон ва муаллимони кафедра таи ин солҳо чандин асарҳои илмию методии калонҳaҷм, монография, воситаҳои таълимию –методиро таълиф намудаанд. Ғайр аз монография ва китобҳои дарсӣ, олимони кафедра дар маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он – «Финансы», “Финансы и бизнес”, “Вопросы экономики”, “Креативная экономика”, “Экономика Таджикистана: стратегия развития” «Экономика сельского хозяйства», «Деньги и кредит», “Доклады Нақиональной Академии наук Таджикистана”, «Садои мардум», «Ҷумҳурият» ва ғайраҳо мақолаҳо чоп кардаанд.
Аз аксарияти фанҳои тадрисшаванда ба монанди фанҳои молия, идораи молияи давлатӣ, андоз ва андозбандӣ, бозори коғазҳои қиматнок, суғурта, молияи корхонаҳо китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, бо забони давлатӣ, аз ҷониби устодони кафедра Назаров Т.Н., Иброҳимзода И.Р., Раҳимов З.А., Улуғхоҷаева Х.Р., Ҳусайнов М.Н., Давлатшоев О.Ҳ., Ҷўраев Ш.Ҷ., Қаюмов С.Ш., Одинаев Ф.Ф., Абдуллоев А.Х.,. таълиф шуда, пешниҳоди завқмандони илми молия гардидаанд.
ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА СУҒУРТА
Самтҳои тадқиқоти илмӣ.
Аз аввали таъсисёбии кафедра самтњои тадќиќоти илмї ва таълимии он барои тартиб додани наќхои таълимї, курсњо ва семинарњои махсус, тањия намудани барномањои таълимї аз рӯи фанҳои тахассусӣ равона шуда буд.
Дар ин ҷода аз тарафи олимон ва ҳайати устодони кафедра корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Олимон ва муаллимони кафедра тайи ин солҳо чандин асарҳои илмию методии калонҳаҷм, монография, воситаҳои таълимию метоиро таълиф намуданд. Ғайр аз монография ва китобҳои дарсӣ олимони кафедра дар маҷалаю рӯзномаҳои ватанӣ ва бурунмарзӣ мақолаҳои илмӣ чоп кардаанд.
Дар айни ҳол дар мавзӯи «Танзими молиявии рушди босуботи инноватсиониву индустриалии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд. Ҳайати устодон ва олимони кафедра барои пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисод ва иҷтимоиёти кишвар саҳми амалии худро гузоштаан.
Хайати муосири кафедра
Кафедраи молия ва суѓурта соли 2020 ҳамчун кафедраи мустақил дар баззаи собиќ кафедраи молия тағьири ном кард. Бо назардошти тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои мухталифи системаи молиявию суғуртавӣ ва васеъ гаштани муносибатҳои молиявию қарзӣ зарурати иваз кардани номи кафедраро ба миён овард. Зеро тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои фаъолияти молиявӣ, суғуртавӣ, бонкӣ, системаи буҷетӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар ин давра аҳамияти аввалиндараҷа дошт. Кафедраи мазкур яке аз кафедраҳои бонуфуз ва калонтарин ба ҳисоб рафта, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳиссагузор аст. Имрӯз бошад дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия устодон Академики АБН ФР, д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р., д.и.и., профессор Улуғхоҷаева Х.Р., д.и.и., н.и.и.. дотсентон Одинаев Ф.Ф., Исматов А.Ҳ., Абдуллоев А.Х., н.и.и. Хусайнов М.Н., Гулаков У.М., Саъдуллозода С.С., Беков Ф., Шарипов У.А., Зиёев З.М., Саъдуллозода Н.С., ва як чанд устодони ҷавон Розиев Д., Саидова М.Ҷ., Сафарова М.И., Давлатов Н., Шарифзода Н.Ш. саҳмгузор мебошанд. Хамин тавр, ҳоло дар кафедра 2 доктори илм, профессор ва 10 номзади илм фаъолият карда истодаанд.
Бо сабаби васеъ гаштани доираи фаъолияти факултети молиявию иқтисодӣ, зиёд шудани шумораи донишҷӯён, соатҳои таълимӣ, зарурати тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи самтҳои нави тараққиёти илмӣ молиявӣ ва фаъолияти амалӣ, инчунин, бо қабул кардани нуфузи нави идораи молиявӣ дар доираи тайёр кардани кадрҳое, ки ба шартҳои нави иқтисодӣ бояд ҷавобгӯ бошанд, бо пешниҳоди садорати факултети молиявию иқтисодӣ дар заминаи кафедраи молия ва қарз ва ихтисоси молия ва қарз, ду кафедра: молия ва суѓурта ва идоракунии молияи давлатї ташкил дода шуд.
Мавзӯи асосии кори илмӣ-тадқиқотие, ки аз рӯи нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шудааст «Танзими молиявии рушди босуботи инноватсиониву индустриалии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ном дорад.
Дар пояи кафедра аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд:
Ихтисоси молия ва қарз: шуъбаи рўзона – 4 сол, ғоибона (тахсилоти фосилави) – 4 сол, таҳсилоти 2-юми олӣ – 3 сол, магистратура – 2 сол, доктор PhD – 3 сол, аспирант – 3 сол, докторант – 3 сол, унвонҷӯ – 4 сол. Ихтисоси суғурта – 4 сол шуьбаи рӯзона.
Дар кафедра аз рӯи дараҷаи касбӣ мутахассис, бакалавр, магистратура, доктори Ph.D аз рӯи ихтисоси молия ва қарз (шуъбаҳои рузона, ғоибона (твхсилоти фосилави) ва маълумоти 2-юм, магистратура) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиму тарбия ба роҳ монда шудааст. Устодони кафедра аз руи 35 фан дарс мегӯянд.