ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

Факултети молиявию иқтисодӣ соли 1981 таъсис ёфта, то соли  1994 ҳамчун маркази тайёрнамоии мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт хизмат мекард.  Аз соли  1994 то соли 2002 бо сабаби  ворид шудани тағйирот  ба сохтори дохилии  донишгоҳ  ин факултет бо факултети  баҳисобгирию  иқтисодӣ муттаҳид карда шуд. Бо гузашти вақт ва сол  то сол афзудани талаботи ҷомеа  ба кадрҳои соҳаи молия  ва иқтисодиёт зарурати ҷудо намудани  факултети молиявию иқтисодӣ аз факултети молиявию баҳисобгирӣ  ба миён омад. Аз соли 2002 ин факултет ҳамчун  факултети мустақил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  фаъолият мекунад.

Ҳамкории дохилӣ ва байналхалқии факултети молиявию иқтисодӣ бо бисёр вазорату корхонаҳои дохилӣ ва байналхалқӣ  дар сатҳи мукаммал ба роҳ монда шуда, барои боз ҳам беҳтар аз худ кардани донишҳои назариявӣ ва дар амал татбиқ намудани онҳо, донишҷӯён  ба вазорату корхонаҳо барои таҷрибаомӯзӣ аз тарафи кафедраҳои марбути  факултет сафарбар карда мешаванд. Аксарияти донишҷӯён баъд аз хатми донишгоҳ ба вазорату корхонаҳо ба кор ҷалб карда мешаванд, ки  ин яке аз нишондиҳандаҳои  фаъолияти пурсамари факултет ба шумор меравад.

Ҳоло дар факултет  6  кафедраи тахассусӣ: иқтисодиёти ҷаҳонӣ, молия ва суғурта, идоракунии молияи давлатӣ, кори бонкӣ, географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ  ва андоз ва андозбандӣ фаъолият карда истодааст.

Кафедраи  иқтисодиёти ҷаҳонӣ (собиқ кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ)  моҳи марти соли 1994 дар ҳайати факултети молиявию иқтисодӣ ҳамчун кафедраи тахассусӣ  барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи равияи  «иқтисодиёти ҷаҳон» таъсис ёфта буд. Кафедраи мазкур яке аз кафедраҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, дар  тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти  ҷумҳурӣ ҳиссагузор аст. Устодони кафедра аз рӯйи 20 фан дар зинаи бакалавр, 8 фан дар зинаи магистратура ва 7 фан дар зинаи доктор Ph.D дарс мегӯянд. Таълим дар кафедра бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Шумораи устодони унвони илмӣ дошта дар кафедра 60%-ро  ташкил медиҳад.

Кафедраи молия ва суғурта  соли 1965 ҳамчун кафедраи мустақил аз ҳайати кафедраи иқтисодиёти савдо ва молия ҷудо шудааст. Бо назардошти тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои мухталифи системаи молиявӣ ва васеъ гаштани муносибатҳои молиявию қарзӣ зарурати таъсис додани кафедраи молия ва қарзро ба миён овард. Зеро, ки тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои фаъолияти суғуртавӣ, бонкӣ, системаи буҷетӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар он давра аҳамияти аввалиндараҷа дошт. Аз соли 2022 то ҳол мудири кафедра н.и.и., дотсент Ҳусайнов М. ба уҳда доранд.

Кафедраи молия ва қарз аз соли 1991 ба ду кафедраи алоҳида: кафедраи молия ва кафедраи муомилоти пулӣ ва қарз ҷудо шуд. Пас аз он, моҳи октябри 1995 дар натиҷаи аз нав якҷояшавии факултетҳои молиявию иқтисодӣ ва баҳисобгирию иқтисодӣ ба як факултаи молиявию баҳисобгирӣ боз кафедраҳои номбурда якҷоя карда шуда, бо номи кафедраи молия ва қарз ба фаъолият оғоз кард. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар гардонидани корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ мутобиқи қарори Шурои олимони донишгоҳ аз соли 2007 дар заминаи кафедраи молия ва қарз кафедраҳои молия ва менеҷменти молиявӣ таъсис ёфтанд, ки фанҳои тахассусии ихтисоси молия ва устодони кафедра дар байни ин кафедраҳо тақсим карда шуданд. Инчунин, соли 2014 дар базаи кафедраи молия кафедраи андоз ва андозбандӣ таъсис дода шуда, як қисми устодон бо фаннҳои ихтисоси мазкур ба ин кафедра вобаста ва ҷудо карда шуд. Ҳоло дар заминаи кафедраи молия аз рӯи ихтисосҳои молия ва қарз ва  суғурта мутахссисони дараҷаи бакалавр, магситр, унвонҷӯ, аспирант, докторант ва доктор  Ph.D омода мегарданд.

Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ. Бо ворид шудан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ талабот ба мутахассисони соҳаи молия ва гумрук амрест зарурӣ. Бинобар ин, соли 2020 кафедраи менеҷменти молиявӣ бо қарори Шурои олимони ДМТ ба кафедраи идоракунии молияи давлатӣ табдили ном кард.

 Роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Икромов Ф.Н. ба уҳда дошта, дар он устодон н.и.и., дотсентон Ҳикматов С., Давлатшоев О.Ҳ., Бобоев Ф.Ҷ., Давлатмуродов Ш.М., ассистентон Турсунов И.Х., Тоҷибоева Ф.Э., Ҳакимов И.Б, Саъдизода Ҷ., Юнусов А.Ю., Маҳмадризоиён С., Амонова Д.А. ва дигарон ба фаъолияти илмию методии кафедра машғул мебошанд. Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ аз рӯи ихтисосҳои 1-25010409  -молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук, 1-25010410 – менеҷменти молиявӣ, 1-25010400 – молия ва қарз мутахиссисон тайёр мекунад. Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи тайёр кардани мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ аз соли 2012 дар назди кафедра аз рӯи ихтисоси 25010400- молия ва қарз таълим бо забони англисӣ оғоз гардид.

Дар кафедра заминаи методӣ – техникӣ ва таълимӣ барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир муҳайёст. Хатмкунандагони ихтисосҳо дар соҳаи муҳими иқтисодӣ, ба монандӣ: молияи давлатӣ, андоз, суғурта, бонкдорӣ, гумрук ва корхонаҳои гуногун фаъолият менамоянд.

  Кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ моҳи сентябри соли 1980 бо номи кафедраи географияи иқтисодӣ ташкил шудааст. То ин давра фанни географияи иқтисодӣ ба кафедраи банаrшагирии хоҷагии қишлоқ тааллуқ дошт.

     Кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳӣ мувофиқӣ фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз таърихи 15.07.2010 таҳти № 257-09 оид ба таъсиси кафедраи тахассусии “Иқтисод ва идораи туризм”дар ҳайати факултети молиявию иқтисодӣ дар пояи кафедраи географияи иқтисодӣ ва технологияи соҳаҳо таъсис дода шудааст, ки сарварии онро н.и.к., дотсент Зокиров А. М. ба уҳда дорад.

 Кафедраи андоз ва андозбандии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аз 06-уми майи соли 2014, таҳти №12 ва фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти №244-09 аз 25-уми сентябри соли 2014 ташкил  шудааст.

Аз давраи ташаккулёбӣ кафедраи андоз ва андозбандӣ раванди таълимро тибқи нақшаи таълимии мӯҳлати таҳсил 5-сол  ва  тибқи нақшаи таълимии низоми кредитӣ мӯҳлати таҳсил 4-сол ва магистратура – 2 сол ба роҳ мондааст.

Таъсис додани чунин кафедра дар давраи муосир барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хеле муҳим дошт. Бояд қайд намуд, ки  тайи солҳои охир зарурати таъмин намудани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқӣ ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисос бахусус дар самти молия, андозбандӣ дар мақомотҳои андоз ва корхонаҳо ба миён омад.

Аз соли 2014 то соли 2020 роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Қаюмов Сайфудин Шарифович ба уҳда дошта, аз моҳи августи соли 2020 ба ҳайси и.в. мудири кафедра н.и.и., дотсент Гулов Шерали Маҳмадсаидович таъин гардида, корро пеш бурда истодааст.

Айни замон кафедра яке аз кафедраҳои пешқадами факултети моливию иқтисодӣ ва ДМТ ба ҳисоб рафта дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои андозу андозбандӣ ва мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. Хатмкунандагони кафедра аз рӯи ихтисоси худ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хусусӣ, ки андозсупорандаанд, кору фаъолият мебаранд.

Кафедраи кори бонкӣ. Бо назардошти беҳтар намудани раванди таълимию методӣ, омода намудани кадрҳои лаёқатманд дар соҳаи бонкдорӣ, дар пояи кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодӣ, кафедраи кори бонкӣ бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳти №150-09 аз 24 июни соли 1999 ташкил карда шуд, ки зиёда аз 20 сол мешавад, фаъолият намуда истодааст.

Мақсади асосии ташкилдиҳии кафедра мутамарказонидани раванди таълим оид ба ихтисоси фаъолияти бонкӣ бо назардошти нишондодҳои таълимию методӣ ва талаботҳои амалии бозори молиявӣ, наздиксозии таъминоти донишҷӯён ба шароитҳои ташкилию идорасозӣ ва талаботҳои кор дар ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб меравад.

Кафедраи кори бонкӣ мутахассисони маълумоти олидорро барои ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ аз рӯи ихтисоси 1-25010402 — «Фаъолияти бонкӣ» дар ду зинаи таҳсилоти олӣ дар шуъбаи рӯзона— бакалавр, магистр, дар шуъбаи ғоибона (фосилавӣ) – таҳсилоти фосилавӣ ва маълумоти олии дуюм омода менамояд.

Аз моҳи марти соли 2019 роҳбарии кафедра ба зиммаи дотсент Сайфуров К.Ф. вогузошта шудааст.

Фаъолияти илмии кафедра аз оғози таъсисёбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, устодони кафедра ҷиҳати иҷроиши самтҳои муайяннамуда, корҳои илмӣ анҷом дода истодаанд.

Имрӯз кафедра дар самти таъмини суботи асъори миллӣ, кафолати рушди бемайлонӣ муассисаҳои қарзӣ ва масъалаҳои амалигардонии ҳадафҳои бартарафкунии буҳрони молиявӣ дар муассисаҳои бонкӣ фаъолияти илмӣ – амалӣ намуда истодааст.

Марҳабо ба факултети молиявию иқтисодӣ!

  Иброҳимзода И.Р.,

декани факултети молиявию иқтисодӣ