Қоидаҳои қабули магистрантон

Тартиби қабули довталабон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои гирифтани зинаи таҳсилоти магистратура

1. Қабул ба магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи самт ва ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки вобаста ба омода намудани магистрантон дар ин самт донишгоҳ соҳиби иҷозатномаи намунаи давлатӣ мебошад.

2. Барои қабул шудан ба магистратура шахсоне ҳуқуқ доранд, ки яке аз барномаҳои таҳсилоти олии касбиро ба итмом расонида, дорои дипломи маълумоти олӣ (бакалавр ё мутахассис) бошанд

3. Шахсоне, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ё муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигарро аз рӯйи барномаи бакалавриатура ва ё мутахассис хатм карда, бо қарори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои таҳсил ба магистратура тавсия шудаанд, аз рӯйи ихтисоси мувофиқ (барномаи магистрӣ) бо таълифи реферат ва гузаштан аз суҳбат-озмун ҳуқуқи ба магистратура ҳуҷҷат супориданро доранд.

4. Шахсони дорои дипломи таҳсилоти олӣ аз рӯйи барномаи бакалавриатура ва ё мутахассис, ки ихтисосашон бо равияи интихобнамудаашон дар магистратура мувофиқат намекунад, дар доираи талаботе, ки нисбат ба таҳсилот дар бакалавриатура вобаста ба ихтисоси мувофиқаткунандаи магистратура муқаррар гардидааст, ҳатман имтиҳон месупоранд.

5. Агар дохилшавии хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба магистратура дар соли хатми довталаб ба вуқуъ пайвандад, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ аз рӯйи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос «хуб» ва «аъло» бошад). Дар мавриди «қаноатбахш» будани имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ довталаб имтиҳони дохилшавӣ месупорад. Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як сол ва зиёда аз он сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон (аз нав)  имтиҳон месупоранд.

6. Барои таҳсил дар гурӯҳҳои буҷавии магистратура то 20% хатмкунандагони донишгоҳ тавсия мешаванд. Дар ҳолати аз 20% зиёд будани довталабон дохилшавӣ дар шакли озмун ба тариқи шартномавӣ сурат мегирад.

  • 38. Барои қабул ба магистратура ҳуҷҷатҳои зерин ба раёсати таълим пешниҳод карда мешавад:       
  • ариза ба номи ректор бо нишон додани ихтисоси магистратура;  
  • дипломи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи аслӣ), барои қабул ба магистратура мавҷудияти дипломи зинаи бакалавр ва мутахассис ҳатмист;     
  • замимаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (варақаи баҳо, нусхаи аслӣ);   
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 086);       
  • 6 дона сурат (андозаи 4/3);   
  • нусхаи шиносномаи шахсӣ;    
  • ҷувздон (скоросшиватель) -1 дона      
  • реферат (дар дилхоҳ мавзӯъ вобаста ба ихтисоси интихобнамуда).

7. Қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар магистратура то 10.08.2018 сурат гирифта, баъди ба анҷом расидани давраи қабул, суҳбат-озмун ва имтиҳонҳо ҷиҳати қабул ба магистратура аз 10.08.2018 то 18.08.2018 давом хоҳад кард.   

Макони супоридани ҳуҷҷатҳо шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, «Шаҳраки донишҷӯён», бинои №10, Комиссияи қабули ДМТ.