МЕХАНИЗМИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ

114

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишварамон такони ҷиддӣ бахшида, ба ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ мусоидат мекунад.

Дар робита ба ин имрӯз (15.02.2024) дар пояи кафедраи фаъолияти гумрукии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Механизми идоракунии молияи давлатӣ дар раванди рушди босуботи инноватсиониву индустриалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар оғоз декани факултети молиявию иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода И.Р., қайд намуд, ки имрӯзҳо дар доираи ҳамоишу чорабиниҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳӣ, бо ташаббуси сохторҳои гуногуни давлатӣ ва мутахассисону коршиносони бахшҳои мухталифи ҷомеа фикру андешаҳои худро ҷиҳати осон гардонидани мушкилот дарбораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ иброз медоранд.

Зикр гардид, ки вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишварамон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи низоми бонкӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ба ҳисоб меравад. Бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар ва истифодаи фаъоли воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо, ҳанӯз моҳи ноябри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ба тасвиб расида буд. Дар асоси ин қарор вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатии амаликунандаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, вазифадор шудаанд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ, таъмин намоянд.

Ҳамзамон, профессори кафедраи фаъолияти гумруки факултети молиявию иқтисодӣ Султонов З.С., доир ба мавзӯи “Моҳияти гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода И.А. оид ба “Роҳҳои вусъат додани ҳиссоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти мамлакат мутобиқ ба таҷрибаи байналмилалӣ”, муовини маъмурияти системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягонаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибов Д.А. доир ба “Низоми фаъолияти рақамикунонӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмии Бонки миллии Тоҷикистон Саломзода Г, оид ба “Стратегияи миллии фарогири молиявӣ-воситаи самараноки рушди рақамикунонӣ дар кишвар” ва сармутахассиси департаменти низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаниев Ф.М. дар мавзӯи “Рақамикунонии пардохтҳо ва тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ” марӯзаҳо намуданд.

Зимнан таъкид гардид, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳамчун омили инкишофи низоми молиявӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети кишвар нақши муҳим дорад. Зеро истифодаи оммавии воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо (хариди молу хизматрасониҳо) ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, инчунин, ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат менамояд. Қобили қайд аст, ки дар шароити кунунӣ истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо ҳам барои иқтисодиёт ва ҳам барои аҳолӣ афзалияту бартариятҳои зиёд дорад.

Дар умум, бо шарофати рушду пешрафти технология ва тақозои замон раванди ҳисоббаробаркуниҳо осон гарида, хавфи аз даст додани маблағҳои пулӣ бартараф мешаванд ва аз амалҳои номатлуби ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳои буҷетӣ пешгирӣ карда мешавад.