АФЗАЛИЯТҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ПАЁМ

128

Ҳамасола пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии дурнамои рушди мамлакат, таҳлили ҳамаҷонибаи дастоварду пешравиҳо, норасоиву камудиҳо ва вазифагузориҳои навбатӣ мебошад. Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмили соҳаҳои маориф ва илми мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Масъалаҳои “баланд бардоштани сатҳу сифати таълим”, “зиёд гардидани маблағгӯзории маориф”, “мавқеъи омӯзгор” “донистани забонҳои хориҷӣ” ва “пайвастани илм бо истеҳсолот” дар Паёми Пешвои миллат яке аз нуктаҳои асосиро ишғол мекунад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат санаи 28 декабри соли 2023 чунин қайд намуданд, ки “Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.

Дар ҳақиқат тавре медонем, имрӯзҳо ҷомеъаи ҷаҳонӣ аллакай барои татбиқи ақли сунъи дар амалия кор бурда истодаанд ва давлатҳои тараққикарда аллакай дар бисёр ҷабҳаҳо низ муввафақ гардида истодаанд, ҳамзамон рушди иқтисоди рақамӣ ва рақамкунонии аксари амалиётҳои байналмиллалӣ, имрӯз аз мо тақозо менамояд, ки барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва баромадан ба арсаи муносибатҳои байналмиллалӣ, дониши казоии тахссусӣ, ҷаҳонбинии амиқ ва маърифати ҳуқуқию дарку зиракии сиёсӣ дошта бошем, то дар ҷаҳони пуртазоди рақобатҳо мағлуб нагардем. Бинобар ин айни замон масъалаи донистани забонҳои хориҷӣ, сатҳи баланди тахассусӣ, фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии ҳар як мутахассиси миллӣ бояд дар сатхи баланд ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмиллалӣ бошад, ки бешак ин тамоюлҳоро Пешвои муаззами миллат саривақтӣ дарк намуда нуктаҳои дар боло омадаро иброз намуданд. Аз рушди соҳаи маориф, таълиму тарбия дараҷаи нерӯи зеҳнию ақлонии ҳар як кишвар вобастагӣ дорад ва маҳз мактабу маориф, мутахассисони баландихтисос метавонанд рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намояд.

Ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат аз он бармеояд, ки ба илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, тавре зимни Паёми навбатиашон қайд намуданд: “Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид”. Тавре, ки аз гуфтаҳо бармеоянд, самти муҳими сиёсати давлатии имрӯз ба иҷтимоиёт бахшида шуда, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 50%-и даромади буҷети кишвар ба самти иҷтимои равона гардидааст. Яъне мавқеъи илму маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоии кишвар дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоёти аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва хусусан олимону омӯзгорон аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Аз вазъи мактабу маориф, донишу саводи мардум на танҳо ташаккули мутаххасисони аз лиҳози сиёсӣ босавод, худшиносу худогоҳ, балки сарнавишти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ояндаи он вобастагии калон дорад.

Барои хуб гардидани шароити таҳсилу тадрис ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ кушишҳои зиёд аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба харҷ дода шуда истода, чораҳои доими андешида шуда истодааст, ки аз гуфтахои Пешвои муаззами милат дар Паёми навбатиашон бармеояд: “Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд”. Ин рақамҳо аз он далолат мекунанд, ки ҷиҳати баланд таъмини талаботи аҳолӣ бо муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, яъне самти саводнок гардонии мардум ва таъмину ҳифзи саломатии онҳо, дастрас будани мактабу беморхона, фаро гирифтани тамоми қишрҳои ҷомеъа бо маърифатнокӣ ва тандурустии онҳо ҳадафи асосии ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, дар кишвар зина ба зина низоми нави маблағгузории соҳаи маориф, пардохти маош, баҳодиҳии сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави идоракунии соҳа, бунёди базаи моддиву техникаи замонавӣ, дастгирии истеъдодҳо, дар мактаби олӣ ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот, таҷдиди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва ғайра амалӣ гашта истодаанд.

Тамоюли муосири давлатҳои ҷаҳонӣ руй овардан ба сармояи инсонӣ ба ҳисоб рафта, Пешвои муаззами миллат инро саривақт дарк намуда, зимни Паёми навбатиашон иброз намуданд: “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”.

Дар ҳақиқат байни давлатҳои абарқудрат муборизаҳои геосиёсӣ барои соҳиб шудан ба ҳӯдудҳои муайян ва геоиқтисодӣ барои соҳиб шудан ба захираҳои иқтисодӣ ва ҳатто ҷалб намудани сармояи инсонии баландихтисос рақобатҳои шадид рафта истодааст. Ҷиҳати ҳалли ин масъала давлатҳои ҷаҳон усулҳои мухталифро истифода намуда истодаанд, ки яке аз онҳо ин тавассути равона намудани мутахассисони худ – маблағгӯзорӣ ба сармояи инсонӣ, омӯхтани таҷрибаи пешрафтаи дигар давлаатҳо ва татбиқи он дар кишвари худ. Бинобар ин истифодаи самарноки иқтидорҳои мавҷудаи сармояи инсонӣ дар ҳама давру замон ва давлатҳои ҷаҳон тобишҳои гуногун пайдо намуда истодааст.

Дар кишвари мо низ барои ташаккули сармояи инсонӣ аз ҷониби ҳукмати кишвар як қатор имтиёзу дастгириҳо ташкил карда шудаанд, аз ҷумла мисоли равшани ин стипендияи Байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшдагон” мебошад, ки аз рӯи он дар донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ мутахассисони серталабот тайер карда мешаванд. Танҳо дар соли 2023 4154 нафар тибқи стипендияи Байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшдагон” сафарбар гардиданд, ки дар оянда барои рушди иқтисоди миллӣ саҳмгӯзор мегарданд.

Барои рушду нумуъи кишварҳои ҷаҳон ташаккули муҳити илмӣ ва рушди инноватсия, рушди соҳаҳои истеҳсолии илмталаб дар марҳалаи муосири иқтисоди миллӣ хело зарур аст. Ин тамоюлҳоро Пешвои муаззами миллат дарк намуда, тавре маълум аст мавқеъи Академияи миллии илмҳои Тоҷикситон (собиқ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро баланд бардошта, ба АМИТ мавқеъи миллӣ доданд ва дар баробари ин маоши кормандони АМИТ-ро алоҳида аз дигар сохторҳо баланд бардоштанд, ки ин барои рушди илми тоҷик заминаҳои муосирро фароҳам оварда истодааст. Ин масъалаҳоро Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ чунин маънидод намуданд: “Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд”. Дар робита ба ин қайд кардан зарур аст, ки дар ин давра барои маблағгӯзории корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар АМИТ, срачашмаҳои мавзуъҳои маблағгӯзории корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз руйи шартномаи хоҷагидорӣ низ таъсис дода шуд, ки аз руйи он муҳақиқон фаъолият намуда истодаанд ва ин имконият медиҳад, ки корҳои илмии характери инноватсионӣ дошта ривоҷ дода шаванд. Ҳамзамон имрӯзҳо барои пайвастани назария бо амалия аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаву ташкилотҳо ба муассисаҳои илмӣ дархостҳо ворид гардида истода, ҷанбаҳои назариявии ҳалли муаммоҳои амалӣ мавриди тадқиқ ва пешниҳодҳои роҳи ҳалли масъалаҳо батадриҷ баррасӣ гардида истодаанд, ки боиси рушди амалия мегарданд.

Самти муҳими рушди соҳаи маориф ин соҳаи тахсилоти ҳамагонӣ буда, дар ин раванд тавре дар боло қайд кардем ба дастовардҳои беназир ноил гардидем, ки ин сохтумони мактабҳои нав бо шароитҳои муосиру ҷавобгуйи стандартҳои байналмиллалӣ, ташкили шароитҳои моддӣ-техникӣ, маводҳои таълимии босифат ва дастараси хонандагон ба ҳисоб мераванд. Дар ин самт зимни Паёми навбатиашон Пешвои муаззами миллат қайд намуданд: “Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд».

Аз гуфтаҳои боло бармеоянд, ки рӯз то рӯз талабот ба муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ зиёд гардида истода, аз як ҷиҳат ба зиёдшавии сармояи инсонӣ оварда расонад, аз тарафи дигар барои мустаҳакмтар шудани мавқеъи кишвари азизамон ҳамчун кишвари аз ҷиҳати демографӣ афзишёбанда дар ҷаҳон боис мегардад. Ин нуктаҳоро Пешвои муаззами миллат дарк намуда, тавре, ки рақамхоро дар боло овардем, барои зиёд намудани муассисаҳои таҳсилотӣ дастур дода истодаанд, ки дар оянда барои рушду нумуъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаи устуворе хоҳад гардид.

Таҳлилҳои таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳамеша маблағгӯзорӣ ба сармояи инсонӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дурнамои хоҷагии халқи кишварҳо, рушди илмию иннватсионӣ ва рушди интенсивии иқтисодӣ самараи хуб ба бор меорад, бинобар ин иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба оянда дурахшони миллат нигаронида шудааст.

Яке аз самтҳои муҳими маорифи кишвар ин таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта барои соҳибкасб гардидани аксари аҳолӣ дар таҷрибаи аксари давлатҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, чунки аксарияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуда наметавонанд, ки ин аз як ҷиҳат ба маҳдуд будани ҷой дар ин муассиаҳо буда, дигар ин муассиаҳо бештар дар маркази кишвар ҷойгиранд ва ҳама имконияти дар марказ таҳсил карданро надоранд. Вобаста ба ҳалли масъалаи мазкур, бо ташабуси Пешвои муаззами миллат Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис дода шуда, зимни Паёми навбатиашон аз ҷумла қайд намуданд: «… вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд». Хурсандиовар аст, ки дар замони муосир ҷиҳати рушди касбгирии оммаи васеъи аҳолӣ ваё касбҳои иловагиро азхуд намудани аҳолӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар мавқеъи коллеҷу литсейҳо ва курсҳои бозомузиву, тамили ихтисос нақши муассир доранд.

Зиёд гардидани муассисаҳои ибтидои ва миёнаи касбӣ дар кишвар барои фарогирии аҳолӣ ба таври максималӣ мусоидат намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ ва тайёр кардани мутахассисонро барои корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ дар муддати кутоҳ хело осон намуда истодааст.

Зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар кишвар зинаи муҳимтарин ба ҳисоб рафта дар баробари тайёр кардани мутахассисони касбӣ инчунин омӯзгоронро барои зинаҳои таҳсилоти тоиактабӣ, ҳамагонӣ, ибтидои ва миёнаи касбӣ, худи таҳсилоти олӣ ва баъдидипломию илмӣ-педагогӣ ва илмӣ тайёр менамояд, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат буда, дар Паёми навбатӣ дар ин самт чунин қайд гардиданд: «Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин замина бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад. Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадоранд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд».

Дар ҳақиқат агар таҳлил намоем, зинаи таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии кишвар хело рушд ёфта, дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо ғамхориҳои бевоситаи маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба зиёда аз чор маротиба афзоиш ёфта, дар минтақаҳо низ вобаста ба талаботҳои минтақаҳо чунин муассаҳо таъсис дода шуд, ки барои қонеъ гардонидани талаботҳои соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар заминаи мусоидлро фароҳам оварда истодааст. Инчунин бо ташабуси Пешвои муаззами миллат, Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ таъсис дода шуд, ки имрӯз аспирантону унвонҷӯён ва докторантон метавонанд тадқиқотҳои илмии худро аз кишвар берун нарафта дифоъ намоянд ва барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳмгузор гарданд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва саривақтие, ки бевосита ба соҳаи маориф ва илм таалуқ дорад ин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор мебошад, яъне соҳаи маориф ва илм ҳамчун локомотиви пешбарандаи иқтисоди миллӣ метавонад дар рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ такони ҷидди бахшад. Биноан зимни Паёми навбатиашон Пешвои муаззами миллат ба ин масъала диққати махсус намуда, ташаббуси ҷиддие пешниҳод намуд: «ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қаблӣ дар соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд. Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили кишвар ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад. Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дар ин самт масъулияти бевосита доранд».

Тавре Пешвои муаззами миллат нуктаи мазкурро дарк намуда, идораҳои дахлдорро ҷиҳати бартараф намудани муввазаф намуданд, дар ҳақиқат имкониятҳо оид ба муайн намудани самтҳои фаъол нагардидаи иқтидорҳои истифода нагардидаи иқтисоди миллӣ мавҷуд буда, ҷиҳати тавассути ташкили курсҳои кутоҳмуддат ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар зинаҳои таҳсилот аз байн бурдани ин монеъаҳо имконпазиранд.

Дар баробари тамоми саъю талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат дар ташаккули илму маориф, ҳамзамон ғамхориҳои пайвастаашро дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи илму маориф махсус қайд кардан зарур аст, ки тибқи дастури Паёми навбатиашон: «аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд», яъне Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани руҳияи олимону устодон ва дигар кормандони соҳаҳои буҷетии мамлакат дар баланд бардоштани масъалияти онҳо такони ҷиддӣ ва саривақтӣ бахшида истодаанд.

Хулоса, аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки бештар ба самти иҷтимоиёт, рушди илму маориф бахшида шудааст, тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф ва дигар вазорату ташкилотҳоро вазифадор мекунад, ки ҷиҳати татбиқи тамоми масъалаҳои гузошташуда чораҳои саривақтӣ андешида дар амалӣ намудани дастуру супоришҳо бобати пешрафти имлу маърифати кишвар ва ба арсаи байналмиллалӣ баровардани дастовардҳои илмию маърифатӣ, таъмини рушди илмию инноватсионӣ ва таъмини рақобатпазири илму маърифат саҳмгузор бошанд.

Собирзода Нуралӣ Миралӣ – д.и.и., профессор, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ,

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ