Туризм дар минтақаҳои кӯҳӣ рушд меёбад

601

Тибқи нақша-чорабиниҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба баргузории маҳфилҳои инфиродии профессорон, дотсентон дар заминаи факултети молиявию иқтисодӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои рушди туризм дар минтақаҳои кӯҳӣ» аз ҷониби устоди кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ н. и. г., дотсент Диловаров Р. Д., баргузор гардид. Номбурда сараввал оид ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд оғоз намуда, оид ба рушду равнақ бахшидани соҳаи сайёҳии ватанӣ андешаҳои худро тавассути омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилҳои андӯхтаи худ иброз намуданд. Дар ҷараёни маҳфил, аз ҷониби устодони кафедра оид ба паҳлӯҳои гуногуни рушди соҳаи туризм баҳсҳои илмӣ сурат гирифт. Сипас, декани факултети молиявию иқтисодӣ д. и. и., профессор Шамсов И. суханронӣ намуда, қайд намуд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ дар радифи самтҳои афзалиятноку стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Инчунин, дар бораи вусъат бахшидани таҳқиқотҳо дар ин самт, пурзӯр намудани тарбияи мутахассисони ҷавон дар соҳаи мазкур, тарғибу ташвиқ намудани сайёҳии дохилӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.