НИШАСТҲОИ ТАРБИЯВӢ

391

Ҷиҳати татбиқ ва иҷрои бандҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсат ва сохторҳои гуногуни донишгоҳ дар факултети молиявию иқтисодӣ миёни донишҷӯёни факултет бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар нишаст намояндагони Раëсати кофтукови ҷиноии ВКД ҶТ ва Раëсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ иштирок намуда, дар робита ба татбиқ ва бандҳои гуногуни стратегияҳои мазкур сухнронӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, ҳисси ватандӯстии донишҷӯён, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва фаъолона иштирок намудани ҷавонон-донишҷӯён дар чорабиниҳои маърифатӣ андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.