Кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳӣ

Кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳӣ дар пояи кафедраи география иқтисодӣ ва технологияи соҳаҳо соли 2010 таъсис дода шудааст. Азбаски Тоҷикистон сарзамини дорои ғановатҳои бузурги сайёҳию рекреатсионӣ мебошад, омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар бахши сайёҳӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар факултети молиявию иқтисодӣ бо ихтисоси иқтисод ва идораи сайёҳӣ мутахассисон омода карда мешаванд ва ба онҳо мутахассисони варзидаи соҳаи сайёҳӣ ва иқтисоди ҷумҳурӣ номзадони илм Диловаров Р., Ғафуров А., Ёров Ҷ., Сайфуллоев Н. Зокиров А., Абдуллоев А. ва дигарон паҳлуҳои гуногуни тахассуси мазкурро тадрис менамоянд.

Боиси зикр аст, ки эълон гаштани «Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боис гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ бо қадамҳои устувор ворид гардад. Бинобар ин ояндаи наздик талабот ба мутахассисони соҳибкасби миллӣ дар риштаи сайёҳӣ афзун мегардад.

Хатмкунандагони ихтисос дар соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба монанди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ, фурӯдгодҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар сохторҳои гуногун фаъолият менамоянд. Яке аз масъалаҳои муҳим ин аз худ намудани забонҳои хориҷӣ мебошад, ки бидуни донистани он хатмкунанда ба мутахассиси комил табдил ёфта наметавонад. Айни ҳол вазифаи мудирии кафедра ба дӯши н.и.и., дотсент Абдуллоев А. А. вогузор аст.