ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФМИ ДМТ

185

Санаи 15-уми апрели соли 2023 дар чорабинии бошукӯҳи идона, ки ба ифтихори таҷлили Рӯзи пойтахи Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бахшида шуда буд, дар толори Кохи “Суруш”-и пойтахт таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси молия ва қарз, Муртазоев Абдулло бо шаҳодатномаи гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе миёни тамоми муассисаҳои олии касбии кишвар баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси молия ва қарз, Муртазоев Абдулло фаъолона иштирок намуда, сазовори гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардид.