Ғафорзода Юсуфи Фраймон

Вазифа – ассистенти кафедра

Тарҷумаи ҳол.

Ғафорзода Юсуфи Фраймон 26-уми апрели соли 1991 дар ноҳияи А.Ҷомӣ дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 2009  ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон факултети молиявию иқтисодӣ, ихтисоси молия  ва қарз дохил шуда, соли 2014 онро бо дипломи «аълочӣ» хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети молиявию иқтисодӣ, кафедраи молия ба ҳайси ассистенти кафедра оғоз намуда то ҳол дар ҳамин вазифа фаъолият намуда истодааст.

Аз соли 2014 то соли 2016 дар вазифаи раиси маҳфили «Молиячиёни ҷавон» – и  кафедра кор кардааст.

Фаъолияти илмии худро дар мавзӯи «Молияи соҳаи маоиф ва такмили он да замони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш бурда истодааст. Вобаста ба мавзӯи интихобгардида дар конференсияҳои илмӣ-амалии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  бо маърузаҳо иштирок менамояд. Дар раванди тадқиқоти илмӣ дар мавзӯи муайянгардида ба яқ қатор муваффа қиятҳои илмӣ ноил гардидааст.

Ғафорзода Юсуфи Фраймон муаллифи бештар аз 20  мақолаҳои илмӣ дар конференсияҳои илмӣ-амалии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Собиқаи корӣ аз соли 2014

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос 6 сол

Таваҷҷӯҳи илмӣ: Молияи соҳаи маориф ва такмили он да замони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими молияи давлатӣ, молияи ташкилоти буҷетӣ ва ғайра.

Фанҳои талимӣ: молия, танзими молияи давлатӣ, молияи мамлакатҳои хориҷӣ, молияи ташкилоти буҷетӣ, фаъолияти суғуртавӣ.  

Такмили ихтисос: моҳи октябри соли 2015 ва моҳи апрели соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисасхои таҳсилоти олии касбии  назди ДМТ курси пурраи таҳсилро ба поён расонидааст.

Нашр:

  1. Финансовый механизм государственного регулирования и поддержки сельского хозяйство. Маводи конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои такмили низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» (24 январи соли 2015), Матбааи ДМТ, 2015 аз саҳ. 181-184.
  2. Моҳият ва аҳамияти суғурта дар рушди иқтисодиёти мамлакат. Маводи конференсияи илмию назариявии Ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди устувори муносибатҳои пулию қарзӣ ҳамчун омили пешравии босуръати бахши воқеии иқтисод» бахшида ба «25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ш.Душанбе, (22-юми апрели соли 2016), Матбааи ДМТ, 2016 аз саҳ. 163-168.
  3. Татбиқи математикии ҳисоб кардани фоизҳои қарзӣ. Маводи конференсияи дуюми Ҷумҳуриявии илмӣ-назарявии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДМТ «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-маркази тайёр кардани мутахассисони соҳибунвон» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-18 майи соли 2016, матбааи ДМТ, саҳифаи 131-135.
  4. Проблемаҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар ин самт. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавзӯи «маҷаллаи илмӣ» 2/8(215), матбааи ДМТ, 2016 аз саҳ. 29-32.
  5. Хусусиятҳои фарқкунандаи лизинг аз иҷораи дарозмуддат. Маводи конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи  «Сиёсати буҷетӣ-андозии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди кушод» ш.Душанбе, (20-21-уми майи соли 2016), аз саҳ. 201-206.
  6. Таркиби низоми муосири қарзӣ ва омилҳои муайянкунандаи фоизи қарзи бонкӣ. Маводи конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи  «Сиёсати буҷетӣ-андозии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди кушод» ш.Душанбе, (20-21-уми майи соли 2016), аз саҳ. 201-206.
  7. Омилҳои асосии рушди танзими молиявӣ дар иқтисоди миллӣ. Маводи конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи  «Мукамалгардонии системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир» ш.Душанбе, (25-уми октябри соли 2016), аз саҳ. 98-104.
  8. Заминаҳои пайдоиши муносибатҳои молиявӣ дар ширкатҳои суғуртавӣ. Маводи конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи  «Мукамалгардонии системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир» ш.Душанбе, (25-уми октябри соли 2016), аз саҳ. 104-108.
  9. Меъёри фоизи қарзӣ ва татбиқи математики ҳисоб кардани онҳо. Маводи конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба ҷашни «25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»), Матбааи ДМТ, 2016 саҳ. 201.
  10. Нақши идоранамоии муассисаи суғурта дар рушди муносибатҳои суғуртавӣ. Маводи конференсияи дуюми Ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Идоракунии  рушди захираҳои инсонӣ дар шароити муосир: консепсияҳо, тамоюлҳо ва таҳдидҳо» ш.Душанбе, (16-уми майи соли 2017), Матбааи ДМТ, 2017 аз саҳ. 230-235.
  11. Проблемаҳо ва роҳҳои мукамалгардонии танзими молиявии иқтисодиёт ва банақшагирии он. Маводи мизи гирд дар мавзӯи: “Сиёсати молиявию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳо ва дурнамо” ш.Душанбе, (7-уми декабри соли 2017), аз саҳ. 29-34.
  12. Нақши молияи маҳаллӣ, хусусиятҳо ва амалишавии он дар замони муосир. Маводи конференсияи Ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи  «Механизмҳои истифодаи фишангҳои иқтисодию молиявии таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» ш.Душанбе, (7-уми ноябри соли 2018), аз саҳ. 106-109.
  13. Зарурияти ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: Ҷанбаҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ (Маводи конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ: ДДМИТ-2018), саҳ. 82-84.
  14. Таваррум, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои бартарафнамоии он. Маводи конференсияи Ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019-2021)» ва «400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ» (20-27-уми апрели соли 2019) ш.Душанбе, Ҷилди 3, аз саҳ. 48.
  15. Нақши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар инкишофи иқтисоди миллӣ. Конференсияи Ҷумҳуриявии илмию-назариявӣ дар мавзӯи «Танзими андозию буҷетии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» ш.Душанбе-2019,  саҳ. 33-37.
  16. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии фазои сармоягузорӣ ва грантҳо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Конференсияи Ҷумҳуриявии илмию-назариявӣ дар мавзӯи «Танзими андозию буҷетии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» қисми 2, ш.Душанбе, 11 майи соли 2019,  саҳ. 33-39.
  17. Баррасии молиякунонии соҳаи маориф ҳамчун бахши афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Гузоришҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ №4 (008) 2019. Саҳ. 112-116
  18. Тавсифи вазифа, сохтор ва принсипҳои буҷети давлатӣ. Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи  «Саноатикунонии кишвар ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт», (Душанбе 27-уми феврали соли 2020), саҳ. 328-330.