Соҳибов Ғолибназар Олимназарович

соли таваллудаш 1983,

шаҳрванди Ҷумҳурии

Тоҷикистон

         Соҳибов Ғолибназар Олимназарович 10-уми августи соли 1983 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2001 ба факултети молиявию баҳисобгирии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 2006 аз рўи ихтисоси 061800 – усулҳои риёзӣ дар иқтисодиёт бо дипломи «Аълочӣ» хатм намудааст.

         Соҳибов Ғ.О. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: ассистенти кафедраи кибернетикаи иқтисодии факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2006–2019), муовини декан оид ба тарбияи факултети баҳисобгирию иқтисодӣ (2010–2014), муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рўзонаи факултети баҳисобгирию иқтисодӣ (2014–2019), муаллими калони кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ (аз соли 2019), аз моҳи феврали соли 2019 муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рўзонаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ.

Рисолаи номзадиро соли 2019 дар мавзўи «Моделсозии соҳибкории истеҳсолӣ дар асоси фаъолияти инноватсионӣ (дар мисоли Ҷумхурии Тоҷикистон)» ҳимоя намудааст. Бо «Ифтихорнома»–и ДМТ (2011, 2012) сарфароз гардонида шудааст.