ТАЪМИНИ ФАКУЛТЕТ БО ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМИВУ ТАРБИЯВӢ

270

Боиси хушнудист, ки дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташабуси садорати факултет ва дастгирии соҳибкорир инфиродӣ 39 синфхонаҳои таълимӣ бо воситаҳои муосири таълимӣ – проекторҳо ва камераҳои мушоҳидавии назорати раванди таълиму тарбия таъмин гардиданд. Ҳамзамон бо дастгирии раёсати донишгоҳ компютерҳо низ таъмин карда шуд.

Ҳадафи ин иқдомҳо аз инҳо иборатанд:

  1. Насби камераҳои мушоҳидавии бо шунидани овоз имкон медиҳад, ки бе халалдор кардани раванди таълиму тарбия дар рафти дарси устод, назорат кардани муқарраротҳои корҳои таълимиву тарбиявӣ мебошад, ки боиси баланд бардоштани сифати таҳсилот ва осон гардидани мониторинги сифати таҳсилот гардида, барои дар оянда тақвият бахшидани таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар факултет мусоидат менамояд, аз ҷумла:

– баҳодиҳӣ ба раванди дарсҳо ба устодони дарсдиҳанда;

– баҳодиҳӣ ба рафти донишазхудкунии донишҷӯён;

– баҳодиҳӣ ба истифодаи маводҳо ва усулҳои фаъол аз ҷониби устодон дар рафти дарсҳо;

– баҳодиҳӣ ба риояи дастурамалҳои сару либос, бо маводҳои зарӯрӣ иштирок ба дарс, истифода набурдани телефони мобилӣ ва дигар талаботҳои тарбиявӣ аз ҷониби донишҷӯён ва устодон мегардад;

2. Насби проекторҳо ва компютерҳо – воситаҳои муосири таълимӣ имкон медиҳад, ки устодон аз усулҳои муосир истифода баранд, аз ҷумла:

–  усулҳои муосиртарини таълиму тарбиявӣ ва илмиро дар рафти дарс истифода баранд;

дарсҳоро тавассути презентатсияҳо гузаранд;

– слайдшоуҳоро дар раванди дарс истифода баранд;

– филмҳои видеоиро ба донишҷӯён намоиш диҳанд;

– аз маводҳои ғании ҷаҳонии интернет-захираҳо тавассути проекторҳо ба донишҷӯён нишон дода тартиби истифодаашро нишон диҳанд;

– аз маводҳои иловагии китобхонаҳои электронии тамоми дунё истифода бурда тартиби истифодаи онро ба донишҷӯён омӯзонанд;

– аз ахборотҳои муосиртарини кишвар ва ҷаҳон донишҷӯёнро бархурдор намоянд;

– аз видеодарсҳои устодони пуртаҷрибатарини дунё, мутахассисони амалии вазорату идораҳо ва коршиносони кишвар ва дунё ба донишҷӯён маводҳоро пешкаш намоянд;

– ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки маводҳои презентатсионии худро дар рафти дарсҳои амалӣ баромад намоянд ва ғ.