ХАФТАИ ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР САМТИ БЕХАТАРИИ МОЛИЯВИ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

273

Рӯзҳои 15-ум ва 16-уми сентябри соли 2022 дар доираи Чорабиниҳои якҷояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Ташкилоти ғайритиҷоратии худмухтори «Маркази байналмиллалии таълими-методии мониторинги молиявӣ»-и Федератсияи Россия – зери унвони «Таълим ва рушди касбият дар соҳаи бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯи, тероризми молиявӣ (МШП/ТМ)», дар факултети молиявию иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар доираи Чорабиниҳои якҷояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Ташкилоти ғайритиҷоратии худмухтори «Маркази байналмиллалии таълими-методии мониторинги молиявӣ»-и Федератсияи Россия – зери унвони «Таълим ва рушди касбият дар соҳаи бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯи/ тероризми молиявӣ (МШП/ТМ)», дар факултети молиявию иқтисодӣ, ки рӯзҳои 15-ум ва 16-уми сентябри соли 2022 баргузор гардид, дар самтҳои зерин гузаронида шуд:

  1. Намоишгоҳ – дар намоишгоҳ зиёда аз 20 донишгоҳ аз дохили кишвар ва давлатҳои ИДМ иштирок ва дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд;
  2. Мизи гирд – дар мизи гирд 5 мақомот ва 11 донишгоҳҳо аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок ва баромад намуданд;
  3. Семинарҳои илмӣ-таълимӣ – дар семинар намояндагони 11 донишгоҳҳо бо устодону донишҷӯён ва магистрантон маъруза ва ва баҳсҳо гузаронида шуд;
  4. Мастер-клас барои устодону донишҷӯён – мастер клас барои устодону донишҷӯён аз ҷониби 9 донишгоҳҳои Федератсияи Россия гузаронида шуд;
  5. Бозиҳои таълимии касбӣ барои донишҷӯёну магистрантон – бозиҳои таълимии касбӣ барои 100 нафар донишҷӯёну магистрантон гузаронида шуда, ғолибон ба дипломҳо сарфароз гардонида шуданд;
  6. Бастани шартномаҳои ҳамкорӣ байни Муассисаҳои олии таълимӣ ва мактабҳои миёнаи умумии муассисаҳои узви Институтҳои шабакавии байналмиллалӣ – Донишгоҳҳои давлатҳои ИДМ ва БРИКС зиёда аз 40 донишгоҳ – Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Ташкилоти ғайритиҷоратии худмухтори «Маркази байналмиллалии таълими-методии мониторинги молиявӣ»-и Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ байни Ректори ДМТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини директори «Маркази байналмиллалии таълими-методии мониторинги молиявӣ»-и Федератсияи Россия М.С. Шемякина ба и мзо расид.

Мақсади гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ки ҳамасола 5-6 маротиба дар байни Институтҳои шабакавии байналмиллалӣ, бо дастгирии молиявии Ташкилоти ғайритиҷоратии худмухтори «Маркази байналмиллалии таълими-методии мониторинги молиявӣ»-и Федератсияи Россия гузаронида мешавад, аз инҳо иборат аст:

– васеъ паҳн кардани донишҳои молиявӣ,

– баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии донишҷӯёну хонандагони мактабҳои олӣ, миёнаи умумӣ ва аҳолӣ дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯи/ тероризми молиявӣ (МШП/ТМ),

тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ ва мутассисони касбӣ дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯи/ тероризми молиявӣ,

– тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯи/ тероризми молиявӣ;

– таҳияи васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монография, мақолаҳои илмӣ дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯи/ тероризми молиявӣ;

– омода кардани пешниҳодҳо ба мақомотҳои мониторнг ва назорати молиявӣ дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯи/ тероризми молиявӣ (МШП/ТМ);

– гузаронидани олимпиадаву озмунҳои гуногун дар байни донишҷӯёну магистрантон ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан зарур аст, ки моҳи майи соли равон даври аввали олимпиада дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯи/ тероризми молиявӣ байни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, 4 нафар ғолибон ба даври ниҳои, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Ролсссия баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Дар чорабинии мазкур ташкилоту муассисаҳои зерин иштирок ва маъруза намуданд:

  1. Ташкилоти ғайритиҷоратии худмухтори «Маркази байналмиллалии таълими-методии мониторинги молиявӣ»-и Федератсияи Россия;
  2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  3. Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон;
  4. Намояндагии Россотрудничества дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  5. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  6. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  7. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  8. Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия;
  9. Донишкадаи технологияҳои молиявӣ ва бехатарии иқтисодии Федератсияи Россия;
  10. Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г. Плеханов;
  11. Донишгоҳи давлатии ҳавзаи Уқёнуси Ороми Федератсияи Россия;
  12.  Донишгоҳи молияи назди Ҳукмати Федератсияи Россия;
  13.  Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия;
  14.  Донишгоҳи менеҷменти саноатӣ, иқтисодӣ ва тиҷорати Федератсияи Россия;
  15.  Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
  16. Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон.