СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ҲОШИЯИ “РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ”

152

Имрӯз, санаи 27.09.2023 дар маркази машваратии сайёҳии назди кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар ҳошияи “Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ”, семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ” баргузор гардид. Дар семинари мазкур доираи васеъи донишҷӯёну магистрантон, докторантони Ph.D, омӯзгорони кафедраҳои марбутаи факултет ва инчунин намояндагон аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Инчунин Шумо метавонед гузориши телевизионии ҳамоиши маҳфилро дар инҷо тамошо кунед. https://www.facebook.com/groups/515463256775867/permalink/846151567040366/?mibextid=oMANbw