ПАРЧАМ РАМЗЕСТ, КИ ҚУДРАТИ МУТТАҲИДКУНАНДА ДОРАД

173

«Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзидавлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият,таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далеливозеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама марҳилаҳо инкишофи ҷамиъятӣ, инсонҳо барои соҳибқудратӣ ва муттаҳидӣ рамзу шиорҳои зиёдеро эҷод намудаанд. Дар ин миён парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ қудрати муттаҳидкунандаро дорост. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, парчамдорӣ ва истифодаи он ба давраҳои пеш аз солшумории меълодӣ рост меояд. То замони мо давра ба давра парчам ҳамчун рамзи якдили, мутаҳидӣ, қудратмандӣ мавқеи худро мустаҳкам намуда, ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф гаштааст. Гузашта аз ин, имрӯз ҳеҷ давлатеро бе доштани парчами худ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз қадим соҳиби фарҳанги ғанӣ, тоҷ, давлат ва парчам чун рамзи муттаҳидӣ буд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ исбод шудааст, ки фарҳанги парчамдории тоҷикон ба унвони дирафши ковиёнии мансуб ба Коваи оҳангар чун рамзи ифтихори миллӣ ва нишони таъмини ваҳдату ягонагӣ рост меояд. Оиди ҷонсупории қаҳрамонони миллати тоҷик барои ҳифзи парчами хеш дар асарҳои таърихӣ сатрҳои зиёде оварда шудаааст, ки ин гувоҳи муқаддасоти таърихии парчам дар назди ниёгони мо мебошад. Тибқи маълумотҳои таърихӣ намояндаи шоҳони Пешдодӣ Ҷамшед аз муваффақиятҳои худ мағрур гашт ва аз ин Заҳҳок истифода бурда, ҳокимиятро ба даст овард. Аммо аз зулми ӯ мардум норозӣ шуданд ва бо сарварии Коваи оҳангар шӯриш бардоштанд, ки ин асоси бавуҷудоии «Дирафши Ковиёнӣ» гашт.

Баъди сарнагун кардани Заҳҳок, шоҳ Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи шоҳони Пешдодиён буд, ба сари тахт омада, ин дирафшро бо 4 ситораи тиллоӣ, сангҳои қимматбаҳо зебу ороиш дода, ба он номи «Дирафши Ковиёнӣ»-ро гузошт.

Бояд зикр намуд, ки парчам аз қадим барои халқи тоҷик ҳамчун нишонаи ҷавонмардиву тавоноӣ ва ҷоннисории халқ баҳри ободии давлат эътироф шудааст. Аввалин маротиба парчам дар ҶШС Тоҷикистон соли 1929 қабул шудааст. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ин рамзи давлатӣ то соли 1992 панҷ маротиба дар шаклҳои гуногун қабул шудааст. Бори охирон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ–Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, тарҳу намуди Парчами давлати Тоҷикистон ва ниҳоят «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24-ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикитон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ—Парчами давлатӣ гардид.

Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Парчами миллии мо матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнӣ- сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тансиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудаанд. Ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.

Бузургдошти Парчами давлатӣ- арчгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузаштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба кушишҳои ҳар як фарди ҷомеавобастагӣ дорад.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо аст, ки бо шарофат ва дасгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар канори рости Қасри Миллат бурҷи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд, ки баландии сутуни он 165 метр буда, дарозии матои он 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.

Бунёди парчам дар чунин шакл ва андоза ифодакунандаи давлатдории қадимии халқи тоҷик, меҳру садоқат ба муқаддасоти миллӣ, хусусан ба Парчами давлатӣ мебошад

Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Сафаралӣ ОДИНАЕВ,муаллими калони кафедраи кори бонкӣ