ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ

108

Имрӯз, санаи 27.09.2023 бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодӣ дар ҳошияи “Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ”, Озмуни беҳтарин донандаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он доираи васеъи донишҷӯёну магистрантон аз факултетҳои марбутаи донишгоҳ иштирок намуданд. Дар Озмуни баргузоргардида, донишҷӯёни сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардида, бо Ифтихорномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм, инчунин бо мукофотпулиҳо аз ҷониби Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.