ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ФАННИ МОЛИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ

119

Имрӯз, санаи 07.12.2023 дар факултети молиявию иқтисодӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва суғурта бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни молия баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур тариқи шифоҳӣ баргузор гардида, дар он донишҷӯён аз ихтисосҳои молия ва қарз, андоз ва андозбандӣ, кори бонкӣ, сайёҳӣ ва иқтисодиети ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сабқат намуданд.

Дар фарҷом донишҷӯёни ғолиб бо дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, ва 3-юм ва мукофотҳои пулӣ дар анҷоми кори семинари байналмиллалии илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия қадрдонӣ гардиданд.