Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими соҳибихтиёрии мамлакат

70

Имрӯз санаи 05.11.2022с. тибқи нақша чорабаниҳои садорати факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултет бо иштироки як қатор меҳмонон нишасти илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими соҳибихтиёрии мамлакат” баргузор гардид. Дар нишасти мазкур декани факултет д.и.и., профессор Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ, Шарифзода Фазлиддин Шариф дотсенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ. Мудирони кафедраҳои андоз ва андозбандӣ, географияи иқтисодӣ ва сайёҳи ва кори бонкӣ инчунин устодону донишҷӯёни факултети мазкур иштирок намуданд.