МАХСУСИЯТИ РАВОБИТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ УЗБЕКИСТОН

170

Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои судманд бо мамомлики ҷаҳон қадамҳои устувору таъсирбахш гузорад. Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносиабтҳои байналмилалӣ имрӯз бо тамоми кишварҳои ҷаҳон дар асоси принсипи «Дарҳои боз» равобити тарафайнро ба роҳ мондааст.

Махсусан, дар меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳакмории судманд бо кишварҳои бародару ҳамҷавори Осиёи Марказӣ қарор дорад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон муносибатҳои неку судбахшро ба роҳ монда, то имрӯз ҷиҳати боз ҳам самаранок гардидани равобит аз ҳар ду ҷониб чораҳои муассир дар амал татбиқ гардидаистодааст. Бояд гуфт, ки равобити Тоҷикистону Узбекистон бар пояи ҳамсоягии нек, дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда асос ёфтааст.

Асоси устувор гардидани ин муносибат қабл аз ҳама дар умумияти таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва пайвандҳои устувори дӯстӣ дар байни халқҳои тоҷику узбек зоҳир мегардад.

Дар замони истиқлоли давлатӣ самтҳои асосии муноисбати ду ҷонибро пеш аз ҳама санадҳое, ки дар сатҳти роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаанд, муайяну мушаххас менамояд. Аз ҷумлаи чунин санадҳои Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон аз 4-уми январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон аз 15-уми июни соли 2000 мебошанд. Дар умум то имрӯз миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи самтҳои мухталиф зиёда аз 150 созишнома ба имзо расидааст.

Сафарҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар ҳанӯз аз 4-уми январи соли 1998 оғоз гардида буд. То имрӯз ташрифи ду ҷонибаи сарони кишварҳо боис шудааст, ки роитаи ду халқи ҳамҷавор боз ҳам устувор гардад.

Ҳуҷҷатҳои муҳимме, ки дар раванди ин сафарҳо ба имзо раисдааст, самту равиши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду ҷонибро мушаххас намудаанд.

Зикр намудани ба маврид аст, ки Узбекистон яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ мебошад. Бо мақсади устувор намудани ин муносибатҳо Комиссияи байнҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба масъалаҳои муҳимми ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ташкил гардидааст. Маҳз дар ҷаласаҳои комиссияи мазкур масъалаҳои муҳимми равобити ду ҷониб дар соҳаи нерӯи барқ, об саноат, кишоварзӣ, нақлиёту иртиботот ва масоили дигари тиҷоратию иқтисодӣ мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор мегирад. Дар муддати 6 соли охири шарикии стартегӣ ва ҳамҷаворӣ (2018–2024) дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамкориҳо вусъат ёфта, дар муносибатҳои дуҷониба комёбиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Дар самти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамкориҳо ба маротиб густариш ёфта, байни корхонаву муассисаҳо ва марказҳои савдову тиҷоратии ду кишвар гардиши молу маҳсулот ба маротиб боло рафтааст. Агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас, ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар ва дар соли 2020 бо дарназардошти мушкилоти пандемияи Ковид – 19 ба 333,8 млн доллари ИМА баробар гаштааст.

Соли 2021 гардиши савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 447,8 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 он 114 млн доллар (34,2%) зиёд мебошад. Дар даҳ соли охир ин рақам баландтарин нишондиҳанда буда, дар қиёс ба соли 2015 ба маротиба афзоиш ёфтааст. Дар гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28 фоиз ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72 фоиз ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.

Рақамҳои мазкур аз он хабар медиҳад, ки роҳбарияти олии ду кишвар ба савдои хориҷӣ ва гардиши мол диққати аввалиндараҷа дода, баҳри некуаҳволии халқ кӯшишҳои зиёд намуда истодаанд. Сохтори молии содиротро асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, металли сиёҳ (арматура), алюминийи аввалия ва сохтори молии воридотиро аз Ҷумҳурии Узбекистон маҳсулоти гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Агентии омор дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон ба 173,6 млн доллари ИМА баробар гардида, мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойи 4 ва ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9 фоизро ташкил намудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 млн доллари ИМА (30,4 фоиз) афзоиш ёфтааст.

Дар доираи эълон гардидани «Солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар аз ҷониби Сафорат як қатор чорабиниҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар асоси дастури Сарвари давлат, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорат бо вазорату кумитаҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки ба онҳо масъули ҳамкориҳо гардиданд, робита барқарор карда, барои ҷалби соҳибкорони ин минтақаҳо ҷиҳати дарёфти шарики иқтисодӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ карда, иштироки онҳоро дар намоишгоҳҳо ва форумҳои иқтисодӣ таъмин намуда истодааст. Ҳамчунин, рӯзҳои 28-29 январи соли 2022 ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ роҳбарияти ширкати ҶДММ «MERRYMED FARM» ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод.

Бо дарназардошти аҳаммияти муҳим доштани ин чорабинӣ ва бо мақсади ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, омӯхтани таҷриба ва ворид намудани техникаҳо, содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷа дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ бо мусоидати Сафорат корхонаҳои ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Файзи Тиҷорат», ҶДММ «Нури Истаравшан» ҶДММ «Салимабону», СИ «Ғаффоров К», ҶДММ КМ «Ҷавони», ҶДММ «Сано», ҶДММ «Рахимов А.А.», ҶДММ «Наргис», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳи «УзтекстилЭкспо 2022» маҳсулоти корхонаҳои «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», ҶДММ «Ортекс», ҶДММ «Раҳимов А.А.», ҶДММ «Гулистони Душанбе» ва ҶДММ «Сафия» ба намоиш гузошта шуданд.

Ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев инъикосгари идомаи сиёсати судманду бародаронаи ду миллати ба ҳам дӯст буда, шароити ҳамкориҳоро боз ҳам вусъат хоҳад бахшид.

Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло – н.и.и., дотсент, муовини декан оид ба таълими факултети молиявию иқтисодии ДМТ