Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

193

Имрӯз санаи 04.11.2022с. тибқи нақша чорабаниҳои садорати факултети молиявию иқтисодӣ бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултет бо иштироки як қатор меҳмонон нишасти илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баргузор гардид. Дар нишасти мазкур декани факултет д.и.и., профессор Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ, н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати ДМТ Мансурӣ Шодмон, устоди кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати ДМТ Шабонов Шоҳкарим Султонович, н.и.ҳ., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДМТ Имомов Ҳумоюн Шарофиддинович, намояндаи ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчии давлатӣ Ҳакимов Яқуб Бахтиёриддинович, мудири кафедраи молия ва суғурта н.и.и., дотсент Ҳусайнов Манучеҳр Нуриддинович, мудири кафедраи идоракунии молияи давлатӣ н.и.и., дотсент Икромов Фазлиддин, муовини декан оид ба тарбия Саидов Қиёмиддин ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.