Конференсияи байналмиллалӣ дар кафедраи кори бонкӣ

342

Рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таҳкими нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар шароити муосир аз фаъолияти густурдаи ташкилотҳои қарзӣ вобастагии беандоза дорад. Таъмини иқтисодиёт бо захираҳои пулӣ, молиякунонии соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи мамлакат тавассути ташкилотҳои қарзӣ роҳандозӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз, ташкилотҳои қарзӣ дар низоми иқтисодии ҳар як кишвари алоҳида мавқеи муҳимро касб намудаанд ва коркарди механизми таъмини устувории молиявии ин ташкилотҳо зарур баҳогузорӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки бо гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи муносибатҳои иқтисодӣ тариқи тенологияҳои инноватсионӣ нақши бонкҳоро дар иқтисодиёт боз ҳам боло мебарад. Зеро ҳисоббаробракуниҳо миёни субъектони хоҷагидорӣ ба воситаи ташкилотҳои қарзӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ гардида, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро суръат мебахшад. Гузашта аз ин, татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар, саноатикунонии босуръат бо истифода аз захираҳои пулии ташкилотҳои қарзӣ ва сармоягузории бонкҳои тиҷоратӣ таъмин гардида, тараққиёти иқтисоди мамлакат ба роҳ монда мешавад. Аз ин рў кафедраи кори бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар мутобиќи наќша конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Механизмҳои таъмини устувории молиявии ташкилотҳои қарзӣ дар шароити саноатикунонӣ ва иқтисодиёти инноватсионӣ» баргузор намуд, ки дар он намояндагони Бонки миллии Тољикистон, БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Тавҳидбонк”, Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, устодони донишгоњ ва аз донишгоњњои кишварњои њамсоя Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Узбекистон бо маърўзањои худ иштирок намуданд.