Иштироки фаъоли донишҷӯёни ФМИ дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”

205

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бахшида ба “Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандии факултети молиявию иқтисодӣ Қосимзода Қосимҷон ва Ашуров Аҳмадшоҳ фаъолона иштирок намуда бо сипосномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.