ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КАФЕДРАИ “ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОНӢ” ДАР ЧОРАБИНИҲО ВА ОЗМУНҲОИ IV-УМИН МАКТАБИ ИЛМИИ АВРУОСИЁ

96

Дар пойтахти Русия шаҳри Маскав аз 27-уми ноябри сол ҷорӣ дар Донишгоҳи дӯстии халқҳо ба номи Патрис Лумумба (РУДН) бо дастгирии Комиссияи иқтисодии Авруосиё кори IV-умин мактаби илмии Авруосиё оғоз гардид.

Дар доираи он то 1-уми декабр семинарҳои илмӣ-амалӣ бо иштироки мутахассисони ЕАЭС (Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё), баррасии модели фаъолияти Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва омодасозӣ ва ҳимоя лоиҳаҳо оид ба содироти мол/хизматрасонӣ ба бозори кишварҳои ғайриаъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мегарданд.

Миёни беш аз 100 донишҷӯ ва олимони ҷавон аз 11 донишгоҳи кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳайати донишҷӯён ва устодони кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳонӣ”-и факултети молиявию иқтисодӣ зери роҳбарии н.и.и., дотсент Саидмуродова М.А. иштирок доранд.

Дар баррасии модели фаъолияти Комиссияи иқтисодии Авруосиё роҷеъ ба танзими тарифию гумрукии молу хизматрасонӣ дар дохили ЕАЭС (Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё) ба пешниҳодҳои ҳайати мо иборат аз устоди кафедра Кишваров М.Ҷ., Раҳматуллозода Д, Саидмуродзода Э ва Давлатзода В. баҳои баланд дода шуд.

Дар пеш намояндагони моро чорабинии муҳимтарини Мактаби илмии Авруосиё, яъне ҳимоя лоиҳаҳо оид ба содироти мол/хизматрасонӣ ба бозори кишварҳои ғайриаъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё интизор аст.

Бояд қайд кард, ки соли гузашта дар ҳамин чорабинӣ ду дастпарварони кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳонӣ” бо лоиҳаҳои худ дар ду номинатсия ҷои аввал гирифта буданд.