Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллат ва рӯзи Президент

288

Ҷаласаи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллат ва рӯзи Президенти кишвар дар санаи 15.11.2022 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ Саидмуродова М.А., мудири бахши ҷавонони ДМТ Давлатов Мардихудо, устодони кафедраи н.и.и., дотсент Шукуров Б.У., Имомёрбеков Ф.М., Гулмамедов А.В. ва дигарон иштирок доштанд.

Мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ Саидмуродова М.А. оиди таърихи ва аҳамияти Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллат ва рузи Президент баромад намуданд.дотсенти кафедра Шукуров Б.У. баромад намуда, қайд кард, ки таи 30-сол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд ва ҳамаи ин заҳматҳои Президенти мамлакат буданд, ки имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар як фазои орому осуда зиндаги ба сар мебаранд.

Баъдан мудири бахши ҷавонони ДМТ Мардихудо Давлатов дар бораи ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллат ва рузи Президенти кишвар баромад намуда, ҷавононро ба ватандустӣ ва худогоҳии миллӣ даъват намуданд.