БОЗНИГАРӢ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОНУ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО

169

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДМТ имрӯз (02.12.2022) вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сохторҳои ҷамъиятию илмии донишгоҳ: шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, иштирокчиёни олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ғолибони озмунҳои илмию маърифатии сатҳи гуногуни кишвар баргузор гардид.

Дар оғоз Ректори донишгоҳ оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таҳким бахшидани донишҳои ҳуқуқию сиёсӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиро дар замони муосир муҳим арзёбӣ намуданд. “Иштирок намудан дар ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бояд доимӣ бошад, зеро барои насли ҷавон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Талош намудан баҳри дастовардҳои илмию таълимӣ ва байналмилалӣ бояд шиори ҳамешагии мо қарор гирад”-таъкид намуд Ректори донишгоҳ.Зимнан дар робита ба одобу ахлоқ ва омӯзиши самтҳои мухталифи илму истеҳсолот тавсияҳои судманд дода, бознигарӣ ба фаъолияти сохторҳои ҷамъиятӣ ва иштирок дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалиро дар айни замон саривақтӣ донист. Гуфта шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ имкон дорад, дар тамоми самт дастовардҳоро қадрдонӣ намояд.