БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ФМИ

248

Тибқи нақша-чорабиниҳои илмӣ ҳамасола дар ДМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ баргузор мегардад. Дар соли ҷорӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ФМИ ДМТ ба “75-солагии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон”, “115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров”, “145-солагии бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ”, “2023 – Соли забон русӣ” ва “2025- Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” бахшида шудааст.

Тибқи барномаи конференсия дар санаи 24.04.2023 чорабинии илмии зерин дар кафедраҳои молия ва суғурта, андоз ва андозбандӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ баргузор гардид. Таъкид намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби ҳайати устодону кормандони кафедраи молия ва суғурта 16 маърӯза, кафедраи андоз ва андозбандӣ 10 маърӯза ва кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ 20 маърӯзаҳои илмӣ баромад карда шуд. Дар ҷараёни конференсия масоили мубрами илми иқтисод, ки бо ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии зич доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, донишҷӯён, магистрантон ва докторанти Ph.D фаъолона дар рафти саволу ҷавобҳо иштирок намуданд.