БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

9

Имрӯз подполковники милитсия Саидзода Баҳрулло – сардори шуъбаи ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе, бо устодону донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии қонуншиканиҳои маъмул миёни наврасону донишҷӯён, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва татбиқи дурусти қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Саидзода Баҳрулло дар суханронии худ аз ҷавонон даъват ба амал овард, то бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошанд, ва дар рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳми арзанда гузоранд.

Устодону донишҷӯён аз баргузории чунин мулоқотҳо истиқбол намуда, таъкид карданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳои тавзеҳӣ бо хадамоти ҳифзи ҳуқуқ барои таҳкими тарбия, пешгирии ҷинояткорӣ ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон нақши муҳим мебозанд.