АТЕСТАТСИЯИ МАГИСТРАНТОНИ КУРСИ ЯКУМ ДАР ФАКУЛТЕТҲОИ ИҚТИСОДӢ

208

         Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи магистратураи ДМТ имрӯз, санаи 25.05.2023 атестатсияи магистрантони курси 1-ум дар факултетҳои молиявию-иқтисодӣ, иқтисод ва идора ва баҳисобгирии иқтисодӣ ва иқтисоди рақамӣ баргузор гардид. Дар атестатсия масоили иштироки фаъоли магситратон дар дарсҳо, анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, гузаштан аз таҷрибаомӯзиҳои илмӣ-омузгорӣ, навиштани мақолаҳои вокунишӣ, маърӯза намудан дар конференсия ва дигар масоили мубрам дар ҳошияи таҳсил дар зинаи магистратура мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.