ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ВА ҚАДРДОНИИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ФМИ АЗ ҶОНИБИ САДОРАТИ ФМИ ДМТ

268

Рӯзҳои 24 ва 25-уми апрели соли 2023 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони факултети молиявию иқтисодӣ дар бахшҳои “Иқтисодиёти ҷаҳонӣ”, “Географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ”, “Андоз ва андозбандӣ”, “Кори бонкӣ”, “Идоракунии молияи давлатӣ” ва  “Молия ва суғурта” баргузор гардида буд.

Садорати ФМИ тасмим пеша намуд, то як зумра устодону донишҷӯёни фаъолеро, ки бо маърӯзаи беҳтарин дар кори конференсия ширкат намуданд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ намояд.