ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНИШҶӮ ВА ПЕШРАФТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ”

252

Имрӯз, санаи 04.05.2023 дар Шӯрои олимони донишгоҳ бо ташаббус ва ибтикори Ректори ДМТ, д.и.и, профессор Хушвахтзода Қ.Х як зумра донишҷӯён, магистрантони фаъол, ва роҳбарони илмии онҳо, ки дар озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёну магистратон таҳти унвони “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”, иштирок варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд бо ифтихорномаи Ректори ДМТ ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Аз ФМИ магистранти курси якуми ихтисоси молия ва қарз, кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодӣ Абдурахманова Насиба Шухратовна ва роҳбари илмии он  н.и.и., дотсент муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети молиявию иқтисодӣ Бобоев Ф.Ҷ., бо ифтихорномаи Ректори ДМТ ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.