ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮИ ФМИ ДАР ЛИГАИ МИЛЛИИ МУСОҲИБА

212

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки санаи 5-6 августи соли 2023 донишҷӯи курси 2, ихтисоси молия ва қарз, шӯъбаи фосилавӣ Сатторзода Динора дар конкурси Лигаи миллии мусоиҳиба миёни доираи васеъи иштирокунандагони кору фаъолияти гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардида, бо медал ва сертификат аз ҷониби Сафоратхонаи ИМА дар ш. Душанбе сарфароз гардонида шуд. Инчунин, бояд таъкид намуд, ки Сатторзода Динора барои иштирок дар сатҳи байналмиллалӣ роҳхат ёфта, санаҳои 15-16 – уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок хоҳад намуд. 

  Лоиҳаи Лигаи миллии мусоҳиба  дар доираи барномаи  American Spaces Tajikistan, ки аз ҷониби Сафоратхонаи ИМА дар ш. Душанбе маблағгузорӣ мегардад амалӣ карда мешавад.