СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ДАСТОВАРДҲОИ МОЛИЯВИЮ – ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР”

181

Бахшида ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 32 солагаии истиқлоли кишвар дар факултети молиявию иқтисодӣ, санаи 07.09.2023 семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои молиявию – иқтисодии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” баргузор гардид. Дар оғоз, декани факултет д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р., сухан баромада оид ба муҳиммият, зарурият ва афзалиятҳои соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуда, зимнан суханро ба депутати Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Обидов Ф.С. дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташккул ва рушди истиқлоли кишвар” пешниҳод намуд. Инчунин, дар семинар мудирони кафедраҳо, муовинони декан оид ба илм, тарбия ва таълим ва доираи васеъи донишҷӯёну магистрантон ва докторантони Ph.D иштирок намуданд.