Иштироки омузгорони ФМИ ДМТ дар курси такмили ихтисос дар ш. Маскави ФР

367

Дар ҳошияи ҳамкориҳои  муттақобила ва судманди ДМТ бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла бо Маркази байналмиллалии таълимӣ-методии мониторинги молиявии Донишгоҳи байналмиллалии шабакавии амнияти молиявӣ ва мубориза бо  пулшуӣ ва маблағгузории террозим барои такмили ихтисоси омузгорон-кормандони ДМТ дар самти амнияти молиявӣ ва мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм созишномаи тарафайн ба имзо расидааст. Дар соли ҷорӣ дар ҳошияи созишномаи зикргардида курси такмили ихтисос таҳти унвони “Кадровое обеспечение национальной системы ПОД/ФТ”, ки дар ш. Маскави Федератсияи Россия аз санаи 03.04.23 то 08.04.23 баргузор мегардад аз ДМТ муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети молиявию иқтисодӣ  н.и.и., дотсент Бобоев Ф. Ҷ ва сардори бахши кор бо шаҳрвандони хориҷии ДМТ н.и.и., Наҷмиддинов А иштирок доранд.