ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА

134

Имрӯз (22. 06.2024) дар асоси нақшаи чорабниҳои факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ – кафили рушди босуботи ҷомеа” бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш муовини вазири фарҳанги ҶТ – Давлат Сафар, Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ., д.и.и., профессор Обидзода Фозил Саид, Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар – Идизода Файзалӣ Фузайлшо ва Сардори Раёсати таъбу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ – Раҳмоналӣ Шерализода ширкат варзиданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии декани факултети молиявию иқтисодӣ н.и.и., дотсент Саъдуллозода С.С. оғоз ёфт. Мавсуф қайд намуд, ки воқеан, имзои созишномаи сулҳ кафолати мондагории истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллиро таҳким бахшид. Дар заминаи созишномаи сулҳ дар кишвар пеш аз ҳама боварӣ, сулҳ, субот, ягонагӣ, рушди бомаром тантана намуд. То имрӯз дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат корҳои зиёди мондагор дар амал татбиқ карда шуд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳити босубот бо боварӣ ва эътимоди хосса дар самтҳои мухталифкору фаъолият намуда, дар роҳи баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа талош дорад. Дар раванди бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо имрӯз барои мо қабл аз ҳама ахлоқу асолати миллӣ лозим аст. Муҳимтарин рисолати қишрҳои тақдирсози ҷомеа, махсусан омӯзгорон ин баланд бардоштани сатҳи ахлоқи наслҳои наврасу ҷавон аст. Дар заминаи ахлоқ маърифат ташаккул ёфта, ҷомеа танзим мегардад. Танзими ҷомеа, албатта ваҳдату ягонагиро таҳким мебахшад.

Зимнан, муовини вазири фарҳанги ҶТ – Давлат Сафар дар робита ба аҳаммият ва муҳиммияти ҳифзи ваҳдати миллӣ сухан намуд. Қайд карда шуд, ки дар воқеъ Ваҳдати миллии мо аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Маҳз ҷасорату хиради ин фарзанди фарзонаи миллат боис гардид, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат ва парокандагӣ раҳо ёбад. Ҳамчунин, қайд гардид, ки равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки маҳз ба инобат нагирифтани манфиат ва арзишҳои муштараки миллӣ боиси ҷангу низоҳои дохилӣ, байнидавлатӣ ва минтақавӣ гардида, на танҳо ба давлатҳои рӯ ба инкишоф, балки давлатҳои аз лиҳози иқтисодию сиёсӣ пешрафта низ бетаъсир намемонанд. Ба қавли Пешвои миллат “Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ болотар ва дахлнопазир бошанд, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад”.

Баъдан, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Обидзода Фозил Саид суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ кафолати амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ ва стратегӣ гардида, ҷомеаро ба зиндагии шоиста расонид. Маҳз ин падидаи нодири таърихӣ сабаб гардид, ки миллату давлати мо бо ташаббусҳои башардӯстонаи худ маълуму маҳбуб гардад. Таъкид гардид, ки ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманду иттиҳоди ҷомеаи хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Аз ин рӯ, таҳкими пояҳо ва консепсияҳои ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибию тавонбахши тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ шинохта ва эътироф гардад, яъне “мафҳуми Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот чун ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ бояд ҳимоятгари манфиатҳои миллию давлатӣ коркард ва мавриди пажуҳиши муҳаққиқони ҷомешанос қарор гирад.

Инчунин, Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар – Идизода Файзалӣ Фузайлшо зимни суханронии худ оид ба ваҳдати миллӣ ва омилҳои таҳкимбахши он фикру андешаҳои худро баён намуд.

Сардори Раёсати таъбу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ – Раҳмоналӣ Шерализода дар боби арзишҳои ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуда, қайд кард, ки воқеан, ҳифзи истиқлоли давлатӣ дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Амалӣ намудани ин рисолат шарафи бузургест дар назди миллати тамаддунофари тоҷик.

Зимнан гуфта шуд, ки ваҳдати миллӣ ба ҳайси як асолати маънавии халқ, симои дурахшони таъриху фарҳанг ва дигар арзишҳои моддиву маънавиимиллати тоҷик аст, ки тӯли ҳазоросолаҳо мавҷудияти онро нигоҳ дошт. Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеаи моро зарур аст, ин муқаддасотро хуб нигоҳ дораду аз ҳаргуна манфиатҳои шахсӣ волотар гузорад.