Ваҳдати миллӣ яке аз падидаҳои нодир ва арзишманди ҳувияти миллӣ ва давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ хотима бахшида, таъмини ваҳдати миллиро замина гузорем. Имрӯз Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, дар ҷаҳони муосир мавқеъи худро пайдо кардааст.
Воқеан ҳам ваҳдат ин беҳтарин неъмат, орзуву армони миллӣ, пояи таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат аз варати ҳалокат, заминаи рушди тоҷикон ҳаст ва хоҳад буд. Ваҳдат ва ризоияти миллии тоҷикон, ки соли равон 27-умин солгарди он бо шукуҳу шаҳомати хоса дар сарорсари кишвар ҷашн гирифта мешавад, мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буда, имрӯз мактаби сулҳофаринии тоҷикон мавриди омӯзиши оламиён ва созмонҳои байналмиллалӣ гардидааст, зеро танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли дилхоҳ кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор кардан имконипазир аст.
Ваҳдат падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккури инсонӣ ва ақлу хиради солим буда, инъикосгари пирӯзии рушноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва мушахассан, пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мебошад. Инро мо дар мисоли ваҳдати миллии тоҷикон дида метавонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътироф гардида, мавриди омӯзиши институтҳои байналхалқӣ қарор дорад.
Пӯшида нест, ки танҳо дар сурати ваҳдату якдилӣ душвориҳо ва монеаҳо паси cap мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба комёбию пешрафтҳои нав ба нав ноил гардида, мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакат Эмомалӣ Раҳмонбарҳақ қайд намуданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Воқеан ҳам ҳар як тоҷикистонӣ 27 сол боз меваи шаҳдбори ваҳдати миллиро чашида истодааст ва шукгузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва пешрафту гулгулшукуфои ватани азизамон мекунад.
Воқеан ҳам дар барқарор кардан ва пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ саҳми Пешвои миллат калидӣ аст, зеро дар он лаҳзаҳои ҳассос, дар раванди музокироти тоҷикон, ки панҷ сол давом кард ин фарзанди фарзонаи миллат на танҳо роҳбарии тарафи дар музокирот иштирокдоштаи ҳукуматиро ба душ дошт, балки шахсан чанд маротиба бо роҳбарияти мухолифин вохӯрӣ намуда, онҳоро барои имзо кардани созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ талқин намуда буд. Дар ин радиф мехоҳам андешаи худро перомуни мавзуъ бо суханони Президенти кишвар, ки ҳануз дар ҷашни 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ изҳор намуда буданд ба анҷом расонам: «Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард».
Манучеҳр Ҳусайнов,мудири кафедраи молия ва суғуртаи ДМТ