УСУЛҲОИ МУОСИРИ НАЗОРАТИ ДАРСҲО ДАР МАРКАЗҲОИ НАВИ ИЛМИЮ ТАЛИМӢ

295

Субҳи имрӯз (06.03.2023) бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ чанд марказ ва озмоишгоҳҳои илмиву таълимӣ ифтитоҳ гардиданд. Зимни кушодашавии марказҳои илмию таълими садорати факултетҳо ва сохторҳои зертобеъи донишгоҳ иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи марказҳо иттилоъ дода шуд, ки дар таърихи факултет ин иқдоми аввалин буда, ҷиҳати беҳтар гардонидани низоми таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.

Озмоишгоҳи таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва тестӣ, Озмоишгоҳи таълимии молия ва суғурта, Маркази машваратии «Масъалаҳои гумрукӣ», Маркази машваратии «Масъалаҳои андозбандӣ», Маркази машваратии «Масъалаҳои сармоягузорӣ», Маркази машваратии «Масъалаҳои бонкию қарзӣ», Маркази назоратии видеоиву мушоҳидавӣ аз ҷумлаи марказ ва озмоишгоҳҳои илмиву таълимӣ мебошанд, ки барои омода намудани мутахассисони соҳа мусоидат менамоянд.

Марказҳои зикршуда барои раванди илму таълим, аз ҷумла назорати дарсҳо муҳим буда, синфхонаҳо сабт ва бойгонӣ мешаванд, ки мақсад аз ин беҳтар намудани раванди дарсҳо ва низоми таълиму тарбия мебошад.