ТАШРИФИ САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ БА ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН

348

Санаи 23.09.2022 садорати факултети молиявию иқтисодӣ бо роҳбарии декани факултет д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р. ба хобгоҳи рақами 8-и ДМТ ташриф оварда бо донишҷӯёни факултет, ки дар хобгоҳи рақами 6 ва 8-и ДМТ истиқомат менамоянд, вохӯрӣ намуданд. Дар вохӯрии садорати факултет бо донишҷӯёни хобгоҳ масъалаҳои риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, риояи қоидаҳои истиқомат ва тартибу интизом дар хобгоҳ, масъалаи ифротгароӣ ва бегонапарастӣ, радикализми динӣ ва амсоли инҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Ҳамзамон ба китобхонаи хобгоҳ аз ҷониби садорати факултети молиявию иктисодӣ 100 адад китоб ва ба донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ хӯроки яквақтаи бегоҳирӯзи таъмин гардида, донишҷӯён миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ректори Донишгоҳ баён намуданд, ки дар чунин як шароити олӣ зист ва таҳсил намуда истодаанд. Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо ҳар моҳ як маротиба дар асоси нақша чорабиниҳои садорати факултет баргузор карда мешаванд.