ТАШАККУЛИ НИЗОМИ БОНКДОРӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

342

Бунёди иқтисоди устувор ва рақобатпазир яке аз дастовардҳои калидии Ҳукумати кишвар таи солҳои соҳибистиқлолӣ дониста мешавад. Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин роҳандозии низоми муассир ва пешқадами иқтисодӣ буд. Дар роҳи дастёбӣ ва ноилгардӣ ба ҳадафи гузошташуда барномаҳои гуногуни давлатӣ рӯи кор омаданд, ки дар таъмини суботи иқтисодӣ нақши муҳимро иҷро намуданд. Таҷрибаи кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта нишон медиҳад, ки ноилгардӣ ба низоми ташаккулёфтаи иқтисодӣ дар як муддати кӯтоҳ бениҳоят мушкил буда, кори саҳл нест. Аммо новобаста аз вазъи муташанниҷи иқтисодӣ – иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи давлат ба иқтисодиёт беандоза буд ва бевосита бо супоришҳои созандаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусоид дар ин самт фароҳам оварда шуд. Таҳкими иқисоди миллӣ, фаъолсозии бозори молия, густаришдиҳии муносибатҳои беруниқтисодӣ, таъмини рақобати шаффоф, коҳишдиҳии сатҳи таваррум, коҳишдиҳии сатҳи бекорӣ, аз байн бурдани фақр, болобарии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ меҳвари сиёсати иқтисодии давлатро ташкил медоданд. Таҳияи сиёсати муваффақи иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои бунёдӣ тавонистанд, ки рушди иқтисоди миллиро таъмин созанд. Маълум аст, ки яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ин низоми бонкӣ мебошад. Аз ин хотир, масъалаи муҳиме, ки дар меҳвари сиёсати иқтисодии давлат пас аз соҳибистиқлолӣ ҷой гирифта буд ин таҳияи низоми миллии бонкдорӣ ба ҳисоб мерафт. Низоми бонкдорӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ бояд ташкил мегардид ва заминаи рушди устувори он таъмин карда мешуд. Бо дастгириҳои ва пайгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми бонкдории миллӣ таъсис ёфт ва ҳамчун сармоягузори асосии хоҷагии халқи мамалакат ба фаъолият шурӯъ намуд. Яке аз аввалин корҳое, ки дар низоми бонкдории милли кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонида шуд ин пеш аз ҳама таҳияи заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ буд, ки бидуни он роҳандозии фаъолияти низоми бонкӣ ғайриимкон аст. Пеш аз ҳама Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” қабул гардид, ки фаъолияти минбаъдаи низоми бонкиро фароҳам сохт. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дастурамалҳо, низомномаҳо, тартибҳо, қоидаҳо ва умуман маҷмӯи дастурҳои вазифавӣ таҳия карда шуд, ки фаъолияти самаранок ва густурдаи низоми бонкиро таъмин намуд.

Бо кӯшишҳои хастанопазири Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми бонкдории миллӣ бо принсипҳои иқтисоди бозорӣ ташкил гардид ва бонкҳо ҳамчун субъекти калидии иқтисоди кишвар фаъолияти худро оғоз намуданд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат дар баромадҳои худ мавқеи низоми бонкиро дар пешрафти иқтисоди миллӣ назаррас арзёбӣ менамоянд ва ҷиҳати ташаккули минбаъдаи он супоришҳои мушаххас медиҳанд. Натиҷаи чунин заҳамот аст, ки имрӯз низоми бонкии кишвар ба яке аз сохторҳои калидии иқтисодиёт табдил ёфтааст.

Тавре, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ироа гардид, дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расидаанд. Нишондиҳандаи мазкур таи солҳои соҳибистиқолӣ зина ба зина инкишоф ёфтааст, ки аз фаъолияти самараноки низоми бонкии кишвар дарак медиҳад. Махсусан, сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти низоми бонкӣ гардидааст, ки ин омил метавонад рушди устувори хоҷагии халқи мамлакатро таъмин намояд. Агар дар соли 2000 низоми бонкӣ ба иқтисодиёт 242,5 млн. сомонӣ қарз пешниҳод намуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2020 маблағи 10965,4 млн. сомониро ташкил дод. Метавон дарҷ намуд, ки бо дарки амиқи масъала ва таҳкими минбаъдаи низоми бонкдории кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бонкиро пайваста дастгирӣ менамояд. Махсусан дар ҳолатҳои бӯҳронӣ низоми бонкии кишвар аз ҷониби давлат сармоягузорӣ карда мешавад. Солҳои 2016-2017 бо сар задани бӯҳрони молиявӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ осеб дид, ки дар натиҷа аз ҷониби давлат ба хотири нигоҳдории пардохтпазирӣ 3,5 млрд сомонӣ ҷудо гардид. Маблағи мазкур ба бонкҳои тиҷоратие, ки пардохтпазирии ҷории худро аз даст дода буданд равона гардид. Ин амал аз таваҷҷуҳи хоса ва бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Мавриди зикр аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми бонкдорӣ дар кишвар зина ба зина инкишоф ёфта истодаст. Вазъи бозори молиявӣ беҳ гардида, низоми бонкӣ ҳамчун соҳаи муҳим дар мадди назари давлат қарор гирифтааст. Сифати хизматрасониҳои бонкӣ боло рафта, аҳолӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба маҳсулотҳои бонкӣ ба таври васеъ дастрасӣ дорад.

Ғайрат Ғаюров, н.и.и., муаллими калони кафедраи кори бонкии ДМТ