Аксарияти қонунҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб мерасанд, асосан, ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мешаванд. Бинобар ин, эҳтироми он аз тарафи аҳолии кишвар шарт ва зарур мебошад. Яке аз қонунҳое, ки мардуми тоҷик онро хуб пазируфтаанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки соли 2007 қабул гардидааст. Ба тасвиб расидани ин қонун дар замони Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик басо муҳим буд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хароҷоти зиёдатӣ, сарфаи беҳуда ва риёкории мардум нуқта гузошт. То қабули Қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимию давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, ҷамоатҳои деҳот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ базудӣ комиссияҳои доимоамалкунандаи танзими расму анъанаҳо таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намуданд. Дар назди комиссияҳои мазкур вазифаи ба аҳолӣ фаҳмондани меъёрҳои қонун, назорати риояи танзими анъанаҳои миллӣ дар маҳалҳо гузошта шуд, вале дар ин самт ҳанӯз баъзе камбудиҳое ҳастанд, ки пайи бартараф кардани он бояд андеша кард. Масалан, маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс тибқи қонун барҳам дода шудаанд, вале баргузор гардидани чунин маросим баъзан ба чашм мерасад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни устодон ва кормандони факултет дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, фаъолияти комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, чунин таъкид карда буданд: “Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем”.
Бояд зикр намуд, ки яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернетӣ дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Хушбахтона, имрӯз, қонуни мазкур сари роҳи ҳама гуна зиёдаравию хурофотпарастиро гирифт.
Аксар бар ин назаранд, ки тӯли ин муддат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар беҳбуд бахшидан ба рӯзгору зиндагии мардум мусоидат кардааст. Ҳамчунин, рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ, риояи қатъии талаботу меъёрҳои либоспӯшии расмӣ дар ташкилоту муассисоти давлатӣ ва дур будан аз бегонапарастӣ, ки як рукни қонуни мазкур аст, миёни мардум ҳамовозиро ба вуҷуд овардааст ва сокинони мамлакат, дар навбати худ, ҷиҳати боз ҳам комил гардонидани қонуни мазкур таклифу пешниҳодоти судмандро манзур мекунанд.
Ҳамин тариқ, баҳри амалӣ гардидани принсипҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзанда, ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросим омили муҳим маҳсуб меравад.
Гулов Ш.М. – н.и.и., мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДМТ







