Тағоев Маҳадмумин Раҳимович

4-уми майи соли 1977 дар деҳаи Калони Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб, дар оилаи коргар ба дунё  омадааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1994 мактаби миёнаи №179-и ноҳияи Ленин (алҳол МТМУ №21 ба номи Ризоеви ноҳияи Варзоб)-ро хатм карда, тайи солҳои 1994-1995 ба ҳайси сохтмончии бригадаи сохтмонии совхози «Замбуриасалпарварӣ»-и ноҳияи Варзоб кор кардааст.

Соли 1995 ба факултети молиявию иқтисодии ДМТ дохил шуда, соли 2000 курси пурраи онро бо ихтисоси «Иқтисодчии байналхалқӣ бо дониши забони англисӣ» хатм намудааст.               

Аз соли 2000 то соли 2007 ба ҳайси ассистент,  аз соли 2007 то инҷониб дар  вазифаи н.и.и., муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДМТ фаъолият мекунад. Аз феврали соли 2006 то соли 2009 дар вазифаи муовини декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ оид ба таълим дар шуъбаи рўзона ва аз соли 2012 то соли 2021 дар вазифаи муовини декани факултет оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ ифои вазифа намудааст.    

Фаъолияти умумии меҳнатиаш: 27 сол

Фаъолияти меҳнатиаш аз рўи ихтисос: 21 сол.

Дар мавзӯи «Мукаммалгардонии механизми ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии молиявӣ» диссертатсияи номзадиашро ҳимоя кардааст. Бо забонҳои русӣ ва англисӣ ҳарф мезанад.

Соҳаи илмиаш: молияи байналхалқӣ ва минтақавӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, инкишофи иқтисодӣ, маблағгузориҳои лоиҳавӣ, бизнеси байналхалқии бонкӣ, қарзи хориҷӣ.

Фанҳои тадрисӣ: кори байналхалқии бонкӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, қарзи хориҷӣ, идоракунӣ ва баҳодиҳии лоиҳаҳои инвеститсионӣ, инкишофи иқтисодӣ  

Такмили ихтисос: Фонди Евразия (ш.Душанбе, 2001); Шабакаи байналмилалии EdNet (ш.Душанбе, 2003); Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов (03-24.04.2004);   Ассотсиатияи бонкҳои Тоҷикистон (ш.Душанбе, 2012); Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ (ш.Душанбе, 2018); Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони МТОК назди ДМТ (ш.Душанбе, 2020).

Фаъолияти ҷамъиятӣ. Аз соли 2006 аъзои ҲХДТ мебошад. Дар се даъват ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб (даъвати чорум, 2010-2015), (даъвати панҷум, соли 2015-2020) ва аз соли 2020 (даъвати шашум)  интихоб шудааст.

Барои фаъолияти пурсамари соҳавӣ ва ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи ДМТ (с.2009), бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2012), бо Ифтихорномаи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии н.Варзоб (с.2014), бо Нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2015), бо Сипосномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон (с.2016), бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (с.2020) қадрдонӣ шудааст.

Вазъияти оилавӣ: оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Маводи нашркардаи солҳои охир:

  1. Тағоев М.Р. Таъмини устувории экологӣ ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкориҳои молиявии байналмилалӣ. / Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалии «Таҳсилот ва илм дар асри XXI: тамоюлоти муосир ва дурнамои рушд» бахшида ба «70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» / 31.10.2018с.// -Душанбе: – ДМТ, – 2018, – С.174-177;
  2. Тағоев М.Р. Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки исломии тараққиёт / Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Механизмҳои истифодаи фишангҳои иқтисодию молиявии таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «70-солагии ДМТ» / Душанбе: – ДМТ, – 2018, – С.37- 43;
  3. Тагоев М.Р. Сотрудничество Республики Таджикистан с международным валютным фондом // Международный теоретический и научно-практический журнал «Известия Иссык-Кульского форума бухгалтеров и аудиторов стран Центральной Азии», Республика Киргызстан, 2017 г., – №2/7, – С. 79-83;
  4. Тағоев М.Р. Заминаҳои ҳуқуқӣ дурнамои ташкили ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ [Мақола] // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – Душанбе: – Сино, – 2018, – № 2/4, – С. 34-38;
  5. Тағоев М.Р. Вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд / М.Р. Тағоев, Б.У. Шукуров // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. ISSN: 2413-5151. – Душанбе: – Сино, – 2019, – № 3. Қисми 1, – С.129-136;
  6. Тағоев М.Р. Зарурат ва аҳамияти кумаки расмӣ барои рушд дар шароити ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ / М.Р. Тағоев, Б.У. Шукуров / Журнали «Иқтисодиёти Тоҷикистон». Маҷаллаи илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ. // ISSN: 2310-3957. – Душанбе, 2019, №3, – С. 210-218;
  7. Тағоев М.Р. Таъмини рушди иқтисоди миллӣ бо истифодаи сарчашмаҳои берунии молиякунонӣ [Мақола] // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ / – Душанбе: – Сино, – 2020, – № 3. Қисми 1, – С.34-43;
  8. Тағоев М.Р.  «Асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва самтҳои стратегии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии молиявӣ» [Монография]. (Қарори ШИМ ДМТ, прот. №09 аз 25.05.2021с.).  – Душанбе: -“Мулквар”,  – 2021,  – 212 саҳ., – 13,25 ҷ.ч.;
  9. Тағоев М.Р. Нақши гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои COVID-19 [Мақола] // Маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз»-и МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. –ш. Душанбе: -ҶДММ “Аржанг”, -№3 (75), – 2021, -С.153-164;
  10. Тағоев М.Р. Ҷанбаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии молиякунонии байналмилалии иқтисодиёти мамлакатҳои рӯ ба рушд // Маводи конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати ДМТ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Тоҷикистон оид ба самтҳои соҳибкорӣ». -Душанбе, -2021, -С.373-378;
  11.  Тағоев М.Р. СотрудничествоТаджикистана с Азиатским Банком Развития в улучшение транспортной инфраструктуры страны // Сборник трудов ІV Международной научно-практической конференции «Наука и Технологии». Международный исследовательский центр «Endless Light in Science»  (15-16 мая 2022г.) // ISBN 978-601-332-668-9 // – Казахстан, – г.Алматы, – 2022г., – С. 271-278;
  12. Тағоев М.Р. Азиатский Банк Развития как надёжный партнёр Таджикистана в развитии транспортной инфраструктуры // Сборник трудов международной научно-практической конференции «Современные тенденции развития финансово-банковского сектора в условиях экономической неопределённости» (10-11 июня 2022г.) // – г. Нур-Султан, – Евразийский Национальный университет имени Л.Н.Гумилёва, – 2022г., – С.196-202;
  13. Тағоев М.Р. Масъалаҳои идоракунии қарзи давлатӣ ва таҷрибаи ҷаҳонии амалисозии он дар шароити буҳронӣ [Мақола] // Маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз»-и МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.  –ш. Душанбе: – ҶДММ “Аржанг”, -№4, -2022, -С.103-114