ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ФМИ ДМТ БО ҶДММ ТСА “СПИТАМЕН ИНШУРЕНС”

8

Имрӯз (13.03.2025) бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола санаи 15 март ҷашн гирифта мешавад дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкати суғуртавии ҶДММ ТСА “СПИТАМЕН ИНШУРЕНС” семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет иштирок намуданд.

Донишҷӯён бо раванди фаъолияти ҶДММ ТСА “СПИТАМЕН ИНШУРЕНС” шинос гардида, донишҳои амалии худро таҳким бахшиданд. Дар аснои баргузорӣ ба донишҷӯёни ихтисосҳои молия ва қарз, суғурта пешниҳод гардид, ки донишҷӯёни фаъол метавонанд дар оянда дар ҶДММ ТСА “СПИТАМЕН ИНШУРЕНС” ба кор фаро гирифта шаванд. Дар маҷмӯъ, чорабиниҳои мазкур метавонанд ба таҳкими ҳамкориҳои факултет бо ташкилотҳои молиявӣ заминаи хуб мегузорад.