СОЛҲОИ РУШДУ КАМОЛОТИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА СУҒУРТАИ ДОНИШГОҲ

4

Бо назардошти тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои мухталифи системаи молиявӣ ва васеъ гаштани муносибатҳои молиявию қарзӣ зарурати таъсис додани кафедраи молия ва қарзро ба миён овард. Зеро, ки тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои фаъолияти суғуртавӣ, бонкӣ, системаи буҷетӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар он давра аҳамияти аввалиндараҷа дошт. Кафедраи молия ва суғурта соли 1965 ҳамчун кафедраи мустақил аз ҳайати кафедраи иқтисодиёти савдо ва молия ҷудо шудааст. Имрӯз, пас аз 60 соли фаъолияти пурсамар, кафедра ба яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ дар самти молия ва суғурта табдил ёфта, дар рушду пешрафти иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузорад.

Аввалин мудири кафедра Академики АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (АФ РСС Тоҷикистон), доктори илмҳои иқтисод, профессор Назаров Талбак буд.

Дар давраи пас аз ташкилёбии факултети алоҳидаи молиявию иқтисодӣ (солҳои 1982 -1995) кафедраи молия ва қарз аз соли 1991 ба ду кафедраи алоҳида: кафедраи молия ва кафедраи муомилоти пулӣ ва қарз ҷудо шуд. Мудири кафедраи молия, дотсент Ҳомидов Ҳ.Х. ва мудири кафедраи муомилоти пулӣ ва қарз дотсент Ашӯров Н. интихоб шуда буданд. Бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштани дотсент Ашӯров Н. аз соли 1995 то сентябри ҳамон сол вазифаи мудири кафедраи муомилоти пулӣ ва қарзро дотсент Шарипов Ҳ.Ш. иҷро карда буд. Пас аз он, моҳи октябри 1995 дар натиҷаи аз нав якҷояшавии факултетҳои молиявию иқтисодӣ ва баҳисобгирию иқтисодӣ ба як факултаи молиявию баҳисобгирӣ боз кафедраҳои номбурда якҷоя карда шуда, бо номи кафедраи молия ва қарз ба фаъолият оғоз кард.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар гардонидани корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ мутобиқи қарори Шурои олимони Донишгоҳ аз соли 2007 дар заминаи кафедраи молия ва қарз кафедраҳои молия ва менеҷменти молиявӣ таъсис ёфтанд, ки фанҳои тахассусии ихтисоси молия ва устодони кафедра дар байни ин кафедраҳо тақсим карда шуданд. Инчунин, соли 2014 дар базаи кафедраи молия кафедраи андоз ва андозбандӣ таъсис дода шуда, як қисми устодон бо фаннҳои ихтисоси мазкур ба ин кафедра вобаста ва ҷудо карда шуд.

Ҳоло дар заминаи кафедраи молия ва қарз аз рӯи ихтисосҳои 1-25010400- молия ва қарз, 1-25010404- суғурта ва 1-25010410- менеҷменти молиявӣ мутахссисони дараҷаи бакалавр, магситр, унвонҷӯ, аспирант, докторант ва доктор PhD омода мегарданд. Дар пояи кафедра аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд: Ихтисоси молия ва қарз: шуъбаи рӯзона (бакалавр) – 4 сол, ғоибона (шакли тахсилоти фосилави) – 4 сол, таҳсилоти 2-юми олӣ – 3 сол, магистратура – 2 сол, доктор PhD – 3 сол, докторант – 3 сол, унвонҷӯ – 4 сол. Ихтисоси суғурта – 4 сол шуьбаи рӯзона (бакалавр) ва ихтисоси менеҷменти молиявӣ – 4 сол шуьбаи рӯзона (бакалавр).

Кафедраи молия ва суғурта аз ҷиҳати шумораи кормандони яке аз кафедраҳои калонтарини ДМТ ба ҳисоб меравад. Дар тамоми муддати фаъолияти худ кафедраи мазкур барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди милли кишвар шумораи зиёди кадрҳои баландихтисосро тайёр кардааст. Хатмкунандаҳои кафедра инчунин, берун аз ҷумҳурӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ фаъолият менамоянд.

МУДИРОНИ КАФЕДРА ВА ҲАЙАТ

Аз соли 1980 то сентябри соли 1993 сарварии кафедраро дотсент Ҳомидов Х.Х. ба уҳда дошт. Аз моҳи октябри соли 1993 то соли 2004 мудири кафедра дотсент Юлдошев Я.Н. буд. Аз соли 2004 то соли 2010 вазифаи мудири кафедраро доктори илми иқтисод Раҳимов З.А. ба зимма дошт. Аз соли 2010 то соли 2011 д.и.и. Раҳматов Ҳ.Б. ба ҳайси мудирии кафедра фаъолият намуд. Аз соли 2011 то 2017 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатшоев О.Ҳ. фаъолият намуд. Аз соли 2017 то соли 2020 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Одинаев Ф.Ф. фаъолият намуд. Аз моҳи августи соли 2020 то соли 2022 вазифаи мудири кафедраи молия ва суғуртаро академики АБН ФР, д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р., ба уҳда доштанд. Аз моҳи августи соли 2022 то ҳол мудири кафедраи молия ва суғуртаро н.и.и., дотсент Ҳусайнов М.Н., ба уҳда дорад. Айни ҳол дар кафедра барои ихтисоси молия ва қарз бо се забон, яъне забони давлатӣ, забони русӣ ва забони англисӣ таълиму тарбия ба роҳ монда шудааст.

Аз давраи ташкилёбии кафедраи устодони соҳибтаҷриба дар кафедра кору фаъолият намудаанд. Назаров Т.Н., Собиров У.М., Сайфиддинов С.С., Қаҳҳоров М, Раҳимов Ш.М., Бобоев Ғ.Ҷ., Улуғхоҷаева Х.Р., Шарифов Ҳ.Ш., Ҳисайнов С., Раҳимов З.А., Ҳикматов С. ва дигарон.

Танҳо номбар кардани баъзе аз ин кадрҳо гувоҳи медиҳанд, ки хатмкунандагони ин шуъба дар кадом дараҷаҳои масъулиятноки давлатӣ адои вазифа намудаанд. Алимардонов М.М. – собиқ раиси Бонки милли Тоҷикистон, Раҳимов Ш.М. – собиқ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширинов А.Ш. – собиқ Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар ИМА., Тураев К.Т. – собиқ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси шаҳри Истаравшан, Бобоев Ғ.Ҷ. – собиқ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулов К.А. – доктори илм, профессор, собиқ ҷонишини мудири шуъбаи илми КМПК Тоҷикистон, Валиев Н.А. – собиқ раиси шуъбаи вилояти Суғдии Бонки миллии Тоҷикистон, Эшов Ҷ.К. – собиқ ҷонишини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, Муллоев Ш.М. – собиқ ҷонишини аввали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ҷонишини аввали сардори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мутахассисони ҷавон, хатмкунандагони кафедра дар ҳамаи гушаву канорҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он – дар ИМА, Олмон, Кения, Ветнам, Лаос, Чин, давлатҳои Африқо, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият менамоянд.

Олимон ва муаллимони кафедра таи ин солҳо чандин асарҳои илмию методии калонҳaҷм, монография, воситаҳои таълимию –методиро таълиф намудаанд. Ғайр аз монография ва китобҳои дарсӣ, олимони кафедра дар маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он – «Финансы», “Финансы и бизнес”, “Вопросы экономики”, “Креативная экономика”, “Экономика Таджикистана: стратегия развития” «Экономика сельского хозяйства», « Паёми ДМТ», «Деньги и кредит», “Доклады Национальной Академии наук Таджикистана”, «Садои мардум», «Ҷумҳурият» ва ғайраҳо мақолаҳо чоп кардаанд.

Дар соли 2025 дар кафедраи молия ва суғурта – 30 нафар устодони штатию ҳамкор ба корҳои таълимию тарбиявӣ ва методию илмӣ машғуланд. Аз инҳо 22 нафар устодони штатӣ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд. Аз инҳо 1 нафар доктори илм, профессорон, аз ҷумла 1 нафар зан доктори илм, 12 нафар номзади илм, дотсентон, 3 нафар номзади илм, муаллими калон, 2 нафар номзади илм ассистент, 3 нафар муаллими калон ва ассистентони беунвон – 1 нафар. Синну соли миёнаи устодон дар кафедра 37,3 сол аст. Айни ҳол дар кафедра унвондорон 81,8 %-ро ташкил медиҳанд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА СУҒУРТА

Дар кафедра аз рӯйи як раванд –«Масъалаҳои такмили танзими молиявии равандҳои иҷтимои-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ», як масъала – Танзими молиявии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва 17 мавзуъҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷараён дорад.

Моҳи марти соли 2023 бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди кафедраи молия ва суғурта “Маркази машваратии молия ва суғурта” ташкил гардид. Маркази мазкур барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмии магистрон ва докторони Ph.D зарур мебошад.

Санаи 29.03.2023 то 31.03.2023 ихтисоси молия ва қарз аз Акредитатсияи байналмилалии (НААР) гузашт ва сазовори шаҳодатнома гардид.

Ҳамҷунин 26-уми феврали соли 2025, тибқи нақша-чорабиниҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳ, қисми илм, дар пояи кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодӣ семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба: “Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия барои солҳои 2025-2030 ”дар мавзуи «Рақамикунонӣ ва низоми омода кардани мутахассисони баландихтисос дар бахши молиявию қарзии мамлакат». баргузор шуд.

Дар назди кафедра маҳфили молиячиён ва суғутачиёни ҷавон амал мекунад. Донишҷӯён аз рӯи нақшаи тасдиқгардида ҳар моҳ ҳафтаи сеюм бо иштироки роҳбаронашон маърузаҳои илмӣ менамоянд. Аз чониби садорати факултет ва кафедра ба иштирокчиёни маҳфил қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар бахши корҳои илмӣ ва тадқиқотӣ устодони кафедра дар соли 2025 оиди мавзӯи номбурда, дар конфронсҳои умумидонишгоҳию ҷумҳуриявӣ бо 50 маърӯзаҳо баромад намуда, зиёда аз 48-адад мақолаҳои онҳо дар маводҳои конфронсҳои номбурда ва дигар маҷаллаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ва хориҷ, инчунин маҷалаҳои тавсияшудаи КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромаданд. Қайд кардан бамаврид аст, аз ҷониби устодони кафедра 44 адад мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА аз чоп бароварданд.

Ҳоло дар кафедра устодони штатӣ ва ҳамкорони зерин фаъолият доранд: д.и.и., профессор Улуғхоҷаева Х.Р., д.и.и., профессор Раҳимзода Ш.М., н.и.и., дотсент Ҳусайнов М.Н., н.и.и., дотсент Одинаев Ф.Ф., н.и.и., дотсент Давлатшоев О.Ҳ., н.и.и., дотсент Исматов А.Ҳ., н.и.и., дотсент Бобоев Ф.Ҷ., н.и.и., дотсент Абдуллоев А.Х.,., н.и.и., дотсент Гулаков У.М., н.и.и., дотсент Амонова Д.А., н.и.и., дотсент Зиёев З.М., н.и.и., дотсент Розиев Д.А., н.и.и., дотсент Саидова М.Ҷ., н.и.и., дотсент Тоджибоева Ф.Э., н.и.и., дотсент Саъдуллозода С.С., н.и.и., дотсент Саъдуллозода Н.С., н.и.и., м/к Давлатов Н.А., н.и.и., м/к Шарифзода Н.Ш., н.и.и., Қурбонзода А.А., н.и.и., Аҳмади З. муаллимони калон: Элиев Н., Орзӯев П.Ҷ., Ҳакимов И.Б., ва Сабурзода Ф.М. ва ассистентон: Сафарова М.И., Ҳакимиён Р. ва ҳуҷҷатгузори кафедра Ибодуллозода М.И..

Шаст соли роҳе, ки кафедра тай намудааст, бозгӯйи заҳмат, дастовард ва садоқати устодону мутахассисон ба рушди илму иқтисоди миллӣ мебошад.

Ҳусайнов М.Н.- н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия ва суғуртаи ДМТ