СОҲИБЭЪТИБОР

272

(Сухане чанд аз рӯзгор ва фаъолияти илмии олими шинохтаи кишвар, доктори илми иқтисод, профессор, Ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт)

Чунон кун зиндагонӣ дар замона,

Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.

Ин абёти аз осмони хирад, аз забони поки шоири ширинкаломи классики тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ чун борони раҳмат бар киштзори умри пурбаракати устод рехта, гувоҳи барҳақи рӯзгори саропо пур аз ифтихори ватандориву ватанхоҳиаш мебошад.

Имрӯз барои Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол тадқиқотҳои илмии устод Хушвахтзода Қобилҷон шоистаи арҷу эҳтироми хоса буда, саҳми ин олими соҳибарҷу эҳтиром дар тарбияи насли ояндасози кишвар назаррас буда, тадқиқотҳои пурарзиши иқтисодиаш дар рушди иқтисоди кишвар мақоми хосаи хешро доро мебошанд. Истифодаи неруи зеҳнии устод дар дурнамои тарбияи мутахассисони ояндасоз – бар манфиати давлат ва миллат буда, моро зарур аст, ки таҷрибаи беш аз бистсолаи андухтаи устодро дар ҳама барномаҳои рушди таълимиву тарбиявӣ, илмиву иқтисодии кишвар истифода намоем. Муҳаббат ва самимияти ватанхоҳиву ватандории устод Хушвахтзода Қобилҷон худ як мактаби бузурги кишварсозӣ барои насли ояндаи Ватани азизамон буда, имрӯз пайраҳаи илмиву тадқиқотии ин донишманди соҳибарҷу эҳтиром бо таври бояду шояд мавриди омӯзиши тамоми шогирдон қарор дода шавад.

Мақолаҳои илмиву тадқиқотии устод дар риштаи илми иқтисод беш аз бист сол боз дар бисёре аз кишварҳои Осиё мавриди омӯзиш қарор гирифта, манфиатҳои хуберо ба бор овардаанд. Тадқиқотҳои устод, дар риштаи иқтисодиёт ва рушди соҳаи муҳосибӣ ва аграрии кишвар дар заминаи пурқувват намудани маҷмӯи иқтисодиёти аграрӣ ворид гардидан ба саноатикунонии кишвар ба манфиати давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик буда, аз нигоҳи таҳлилҳои асосноки илмии ин донишманди соҳибэътибор захираҳои энергетикии он метавонад, ки эътибори кишварро на танҳо дар қораи Осиё, балки машҳури ҷаҳон намояд. Фаъолияти беш аз бистсолаи илмиву тадқиқотиаш дар риштаи иқтисодиёти аграрӣ тавониста, ки даҳҳо шогирдонро дар роҳи ободиву созандагии кишвар тарбият намояд. Имрӯз даҳҳо шогирдони номбардораш дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта, дар роҳи ободии кишвар дар талош мебошанд.

Дар тӯли наздики бист соли даврони истиқлолият мактаби касбии устод Хушвахтзода Қобилҷон дар роҳи тарбияи насли ояндасози кишвар назаррас буда, эътибори баланди илмиаш эътибори кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Мактаби касбии маҳорат ва донишварии устод чандин шогирдонро то ба мақоми доктори илми иқтисод расонида, дар ин пайраҳаи  пурифтихори илмӣ даҳҳо шогирдони дигар коромӯзи ин мактаби пурифтихори миллии илмӣ мебошанд. Хушвахтзода Қобилҷон ҳамчун доктори илми иқтисод дар машҳуртарин донишгоҳҳои Маскав, Бишкек, Алмаато, Тошканд конфронс ва машваратҳои ҷаҳониро дар риштаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барпо намуда, эътибори кишвари азизи соҳибистиқлоламонро машҳури ҷаҳониён намудааст. Ин олими шинохта ва соҳибарҷу эҳтиром профессори фахрии даҳҳо донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон буда, чеҳраҳои шинохтаи сиёсат ва фарҳанги ҷаҳонӣ ба ӯ иртиботҳои наздики илмиву тадқиқотӣ доранд.

Ин чеҳраи шинохта ва донишманди соҳибарҷу эҳтиром тавониста, ки шогирдони зиёдеро дар самти рушди иқтисодии кишвар тарбият намуда, саҳми арзандаи хешро дар раванди саноатикунонии кишвар гузорад. Имрӯз кишвари азизи Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои олам гомҳои устувори хешро дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта, зери сарварии Пешвои муаззами хеш тавониста, ки бо як қатор дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи худро миёни кишварҳои олам хеле устувор намояд.

Хеле хуб ва бамаврид мебуд, ки таҷрибаи бузурги илмии устод Хушвахтзода Қобилҷон дар ин барномаҳои стратегии кишвар истифода шавад. Магар беш аз 300 мақолаи илмиву тадқиқотии устод, ки саропо таҳлилу тадқиқоти раванди иқтисодии кишварҳои Осиёро фарогир мебошанд, бо забонҳои русӣ англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ ва форсӣ рӯи чоп омадаанд, моро водор сохта наметавонад, ки аз таҷрибаи бузурги ӯ дар рушди иқтисоди кишвар истифода намоем.

Пешвои муаззами миллат дар ҳар як вохӯрӣ бо донишмандон ва аҳли зиёи кишвар бо таъкид ва ғамхории зиёд аз онҳо хоҳиш менамояд, ки «Барои ободиву сарсабзӣ ва рушду нумӯи кишвар ҳама якдилу якҷон дар иттиҳоду якпорчагӣ саҳми хешро гузорем. Садди роҳи истеъдодҳо нагардида, онҳоро ба користони номусу шарафи ватандорӣ биёред. Нагузоред, ки як фарзанди асили миллат, як олим, донишманд, ки ифтихори ҳамаи мо мебошад дур аз назарҳо монад».

Хислати бузурги дигари ин олими асил ва роҳбари ғамхору меҳрубон ва ҷавон дар он аст, ки дар як марҳалаи кутоҳ ҳамчун роҳбари дурандешу сарсупурдаи донишгоҳ ва ватани азизамон Тоҷикистони азиз гардид. Дар муддати кутоҳтарин дар Донишгоҳ тавонист навгониҳои зиёд ва қолибҳои куҳнаву фарсудашудаву рехтаистодаи мероси Шӯравиро шикаста, вобаста аз талаботи шароити бозорӣ низоми корро роҳандозӣ намояд. Агар дар маҷмӯъ номбар кунем дастовардҳоро дар замони роҳбарии эшон, мақола ба дарозо меравад. Бинобар ин, мо дастовардҳоеро, ки танҳо дар факултети молиявию иқтисодӣ ба даст омаданд, меистем:

  1. Аз рӯзи аввали омадан ба ҳайси роҳбари Донишгоҳ низоми кредитӣ ва муқарраротҳои он дар факултет ва тамоми Донишгоҳ пурра таҷдид гардид;
  2. Бинои факултет, ки аз замони солҳои аввали фаъолияти Донишгоҳ аз замони Шӯравӣ мерос монда буд, пурра ба бинои нави бо тарҳи муосиру замонавӣ дар шаҳраки донишҷӯён иваз карда шуда, бо тамоми воситаҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд;
  3. Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташабуси Раёсат 39 синфхонаҳои таълимӣ бо воситаҳои муосири таълимӣ – проекторҳо ва камераҳои мушоҳидавии назорати раванди таълиму тарбия таъмин гардиданд. Ҳамзамон бо дастгирии раёсати донишгоҳ компютерҳо низ таъмин карда шуд.

Ҳадафи ин иқдомҳо аз инҳо иборатанд:

3.1. Насби камераҳои мушоҳидавии бо шунидани овоз имкон медиҳад, ки бе халалдор кардани раванди таълиму тарбия дар рафти дарси устод, назорат кардани муқарраротҳои корҳои таълимиву тарбиявӣ мебошад, ки боиси баланд бардоштани сифати таҳсилот ва осон гардидани мониторинги сифати таҳсилот гардида, барои дар оянда тақвият бахшидани таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар факултет мусоидат менамояд, аз ҷумла:

– баҳодиҳӣ ба раванди дарсҳо ба устодони дарсдиҳанда;

– баҳодиҳӣ ба рафти донишазхудкунии донишҷӯён;

– баҳодиҳӣ ба истифодаи маводҳо ва усулҳои фаъол аз ҷониби устодон дар рафти дарсҳо;

– баҳодиҳӣ ба риояи дастурамалҳои сару либос, бо маводҳои зарӯрӣ иштирок ба дарс, истифода набурдани телефони мобилӣ ва дигар талаботҳои тарбиявӣ аз ҷониби донишҷӯён ва устодон мегардад;

3.2. Насби проекторҳо ва компютерҳо – воситаҳои муосири таълимӣ имкон медиҳад, ки устодон аз усулҳои муосир истифода баранд, аз ҷумла:

–  усулҳои муосиртарини таълиму тарбиявӣ ва илмиро дар рафти дарс истифода баранд;

дарсҳоро тавассути презентатсияҳо гузаранд;

– слайдшоуҳоро дар раванди дарс истифода баранд;

– филмҳои видеоиро ба донишҷӯён намоиш диҳанд;

– аз маводҳои ғании ҷаҳонии интернет-захираҳо тавассути проекторҳо ба донишҷӯён нишон дода тартиби истифодаашро нишон диҳанд;

– аз маводҳои иловагии китобхонаҳои электронии тамоми дунё истифода бурда тартиби истифодаи онро ба донишҷӯён омӯзонанд;

– аз ахборотҳои муосиртарини кишвар ва ҷаҳон донишҷӯёнро бархурдор намоянд;

– аз видеодарсҳои устодони пуртаҷрибатарини дунё, мутахассисони амалии вазорату идораҳо ва коршиносони кишвар ва дунё ба донишҷӯён маводҳоро пешкаш намоянд;

– ба донишҷӯён имконият диҳанд, ки маводҳои презентатсионии худро дар арфти дарсҳои амалӣ баромад намоянд ва ғ.

  • Дар факултет ёздаҳ Марказ ва Озмоишгоҳҳо кушода ба истифода дода шуд, аз ҷумла се Озмоишгоҳ:

–  Озмоишгоҳи таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва тестӣ – аудиторияи 706;

– Озмоишгоҳи таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва тестӣ – аудиторияи 608;

– Озмоишгоҳи таълимии молия ва суғурта – аудиторияи 605;

Ва ҳашт Марказ:

Маркази машваратии «Масъалаҳои молиявию суғуртавӣ»;

– Маркази машваратии «Масъалаҳои гумрукӣ» – аудиторияи 502;

– Маркази машваратии «Масъалаҳои сайёҳӣ» – аудиторияи 503;

– Маркази машваратии «Масъалаҳои андозбандӣ» – аудиторияи 403;

– Маркази машваратии «Масъалаҳои сармоягӯзорӣ» – аудиторияи 303, 

– Маркази машваратии «Масъалаҳои бонкию қарзӣ» – аудиторияи 302;

– Маркази машваратии «Масъалаҳои Ҳизбии ТИ “Молия ва иқтисод”-и КИ ҲХДТ “Дониш” дар ДМТ » – аудиторияи 109;

  • Маркази назоратии видеоиву мушоҳидавӣ – аудиторияи 202.
  • Дар соли таҳсили 2022-2023 дар факултети молиявию иқтисодӣ тамоми маводҳои таълимӣ (барномаҳои намунавӣ ва корӣ, матни лексияҳо, матни машғулиятҳои амалӣ, матни презентатсияҳои машғулиятҳои амливу лексионӣ, маводҳои иловагӣ) барои ҳар як ихтисос ва курс алоҳида ҷамъоварӣ ва дар дискҳо гузошта шуда ба тамоми донишҷӯён дастрас карда шуд;
  • Дар ин давра Устод, ҳар семестр бо устодону кормандони факултет вохӯрӣ баргузор намуда, раванди фаъолияти тамоми кормандони факултет баҳогӯзорӣ ва вазифагӯзорӣ барои бартараф намудани камбудиҳо гузошта шуда, ба тадриҷ онҳо бартараф карда мешаванд;
  • Дар тамоми давраҳои таҳсил Устод мунтазам ба факултет ташриф оварда бо раванди таълиму тарбия шинос гардида, баҳогӯзорӣ карда мешавад;
  • Устод дар тамоми конфронсҳои илмиву олимпиадахои донишҷӯёну устодони факултет иштирок намуда, фаъолонро ҳама вақт қадршиносӣ ва кумакҳои моливу пулиро дареғ намедоранд;
  • Ҳамасола маошҳои кормандону устодон ва идрорпулии донишҷӯёну магистрантон боло бардошта шуда, ҳавасманднамоиро дар мадди аввал мегузоранд;
  • Шароитҳои иҷтимоии устодону кормандонро боло бурда аллакай ду хобгоҳро барои зиёда аз сад устодону кормандон муҳайё сохта барои зиндагӣ ба устодон ҳамчун манзили хизматӣ тақдим намуданд. Қадру манзалати устодро боло бурда, тамоми шароитҳоро батадриҷ фароҳам сохта истодаанд;
  • Дар ин давра зиёда аз даҳҳо устодони факултет бо ордену медалҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ордену медалҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуда, даҳҳо донишҷӯёни факултет дар мусобиқаҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз ҷониби Раёсат бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд;
  • Дар ин давра Донишгох аъзои зиёда аз даҳҳо созмонҳои байналмиллалии МТОК-ии ҷаҳонӣ гардиданд, ки аз ҷумлаи онҳо узви Институтҳои шабакавии байналмиллалии Хадамоти Федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия дар соҳаи “Мубориза бо пулшуи ва маблағгӯзории тероризм” гардида, факултетҳои иқтисодӣ ҳамасола дар ин созмон ба ҳайси аъзо дар конфронсҳои байналмиллалӣ иштирок менамоянд, дар Курсҳои такмили ихтисоси ташкилнамудаи ин созмон ширкат меварзанд, дар олимпиадаҳои байналмиллалии “Терроризми молиявӣ” ширкат меварзанд;
  • Дар ин давра Донишгоҳ аз Аккредитатсияи байналмиллалӣ гузашт, ки як ихтисоси факултети молиявию иқтисодӣ – ихтисоси молия ва қарз низ аз аккредитатсияи байналмиллалӣ гузашт ва ғ.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳама маллакаву таҷрибаи роҳбарӣ, дониш  ва маҳорати илмиву тадқиқотии устоди соҳибарҷу эҳтиром доктори илми иқтисод, профессор, ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон қадрдонӣ гардида, таҷрибаи бузургаш дар барномаҳои рушди корҳои таълиму тарбиявӣ, илмию тадқиқотӣ ва иқтисодии кишвар истифода хоҳанд гардид.

Зодрӯз муборак Устоди гиромӣ ва роҳбари ғамхору меҳрубон.

Иброҳимзода Илҳомуддин,

Академики АБН ФР,

доктори илми иқтисод, профессор,

декани факултети молиявию иқтисодии

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон