СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ФМИ ДМТ

10

Тибқи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ, имрӯз санаи 20.02.2025 дар факултети молиявию иқтисодӣ семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ баргузор гардид.

Дар семинар ҳайати устодону кормандони факултет, донишҷӯёну магистратон ва меҳмонон аз кафедраи ҳарбии донишгоҳ иштирок намуданд.

Сараввал, декани факултет Обидов Умедҷон Фозилович оид ба нақши боризи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии дилхоҳ давлат аз мавҷудияти амният сарчашма мегирад, ки асоси таъмини амният ва бехатарии давлат аз натиҷаи фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад. Аз ин ҷост, ки бо дарки муҳимияти ин ниҳоди давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда, таъсис ва рушди Артиши миллиро ҳадаф қарор дода онро то ба имрўз дар сатҳу сифати зарурӣ рушд доданд.

Зимнан, сухан ба Яқубзода Маҳмадкасир Яқуб – полковники кафедраи ҳарбии ДМТ дода шуд. Мавсуф зимни суханронии худ қайд намуд, ки айни замон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати адои хизмат ва фаъолият дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, афсарони шуҷоъ аз имтиёз ва воситаҳои ҳавасмандгардонӣ бархурдор мебошанд.

Инчунин, зимни суханронии худ Ҳақназарзода Бунёд Ҳақназар капитани кафедраи ҳарбии ДМТ қайд намуд, ки дар атрофи масъалаи мазкур тайи таърихи 32 соли рушди ниҳоди мазкур далел ва гуфтаниҳо хело зиёданд, аммо суханро дароз накарда ҳаминро таъкид менамоем, ки имрўз вақти он расидааст, ки ҷавонон бо нишонгирии муҳабат ба Ватан содиқона ба сафи афсарони шуҷоъ бипайванданд ва дар таъмини амнияту суботи Ватани азизамон саҳми хешро гузоранд!

Ҳамчунин, дар фарҷоми барнома бо ибтикори садорати факултет як зумра донишҷӯёни фаъол бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ қадрдонӣ гардиданд.