СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ ДАР ФМИ

177

Имрӯз, санаи 07.12.2023 дар факултети молиявию иқтисодӣ бо ибтикори кафедраи молия ва суғурта семинари байналмиллалии илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия баргузор гардид. Дар кори семинар мутахассисони варзида аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва олимони шинохтаи илми иқтисод аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маърӯза намуданд.