САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ-ТАЪЛИМӢ

260

Имрӯз (09.03.2023) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. дар доираи вохӯриҳо бо коллективи устодону кормандони донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети молиявию иқтисодӣ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои фаъолияти илмию таълимӣ ва тарбиявию хоҷагидории факултет мавридӣ баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла қайд шуд, ки дар замони муосир таваҷҷуҳ ба самти иқтисод зиёд буда, устодону кормандони факултетро зарур аст ки дар самти беҳтар намудани дарсҳои таълимӣ – назариявӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар вохӯрии мазкур, инчунин, масъалаҳои давомоти донишҷӯён, назорати ҷиддии раванди таҷрибаомӯзӣ, таҳияи барномаҳои нави таълимӣ, истифода намудани технологияи иттилоотӣ ва баргузорнамоии ҳамоишу конфренсияҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки аз ҷониби коллективи факултет бояд марказҳои илмӣ-таълимии навтаъсис самаранок истифода шаванд.